Қурби нақдӣ давоми моҳҳои январ-июн ба андозаи 8,7% боло рафт, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 7,9% банди фоизӣ зиёдтар аст.
Тавре Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) хабар медиҳад, дар ин давра қурби сомонӣ нисбат ба доллари ИМА тағйирёбии муътадил дошта, қурби расмии он (қурби миёнавазни хариду фурӯши доллари ИМА дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ) 6,4 фоиз коҳиш ёфтааст, ки ин нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 6,3 банди фоизӣ зиёд мебошад.
Айни замон қурби расмии доллари ИМА 10,30 сомонӣ (1 доллар) ва қурби фурӯши нақдии доллар дар бонкҳо 10,32 сомониро ташкил медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, фарқи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА дар санаи 30 июни соли 2020 ба 3,2 фоиз баробар шудааст (рӯзи 29 июни соли 2019 ин тафовут ба 3,0 фоиз баробар буд).
“Тағйирёбии зерин таҳти таъсири равандҳои иқтисодию молиявии ҷаҳону минтақа, бахусус давлатҳои шарикони асосии тиҷоратӣ сурат гирифт, - омадааст дар маълумоти БМТ. - Бо назардошти вазъи номуътадили иқтисоди ҷаҳонӣ, дар ин давра қурби расмии асъори миллии аксари кишварҳои шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон низ раванди коҳишёбӣ доштанд”.
Гуфта мешавад, ҷиҳати коҳиш додани фишорҳои қурбӣ, бартараф намудани таъсири хавфҳои асъории ҷойдошта, таъмини риояи меъёри фарқияти то ба 2 фоизаи байни қурби расмӣ ва қурби фурӯши доллари нақди ИМА ва аз байн бурдани фарқият дар бозори ғайрибонкӣ, Бонки миллӣ моҳи марти соли равон тасҳеҳи (коррексияи) якдафъаинаи қурби расмии пули миллӣ нисбат ба доллари ИМА-ро ба андозаи то 5,0 фоиз амалӣ намуд.
Таъкид мешавад, ки давоми нимсолаи якуми соли 2020 реҷаи қурбии “шинокунандаи танзимшаванда, бе муайян ва эълон кардани ҳудудҳои тағйирёбии қурб” идома дода шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста