Дар Кумитаи андози назди ҳукумати Тоҷикистон қайд мекунанд, ки аз ҳама зиёдтар неругоҳи “Сангтӯда-1” аз андоз қарздор аст, ки маблағи он 65 млн сомониро ташкил медиҳад.
Ҳамчунин байни қарздорони нисбатан калон аз пардохти андоз корхонаву ширкатҳои зерин номбар шудаанд:
«Талко флюрит» - 27 млн сомонӣ;
«Талко ресурс» - 13 млн сомонӣ;
ҶСК «Ширкати алюминии тоҷик» - 12 млн сомонӣ;,
ШСХК «Барқи тоҷик» - 11,6 млн сомонӣ;
ҶСК «Тоҷиктелеком» - 9,3 млн сомонӣ.
Бино ба маълумоти Кумита, бақияи қарз аз рӯйи пардохти андоз ба ҳолати 1 июли соли равон 997 млн сомониро ташкил медиҳад, ки дар муқоиса бо аввали сол 417 млн сомонӣ зиёдтар мебошад.
Дар Кумита таъкид мекунанд, ки афзоиши ҳаҷми қарз аз пардохти андоз аз ҳисоби корхонаҳои бузурги кишвар ба вуҷуд омадааст.
Қобили зикр аст, ки нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии андоз ва дигар пардохтҳои ҳатмӣ дар нимсолаи аввал 7,1% камтар иҷро шуд.
Ба ин тариқ, ба буҷет аз нақшаи пешбинишудаи ҷамъоварии андоз 372,5 млн сомонӣ камтар маблағ ворид шуд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста