Нимсолаи аввал сатҳи таваррум дар бахши истеъмолии Ӯзбекистон 4,6% ва Тоҷикистон - 4,3%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Кумитаи байнидавлатии омори Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил (ИДМ).
Гуфта мешавад, сатҳи нисбатан баландтари таваррум дар давраи зикршуда дар ду кишвар ба қайд гирифта шудааст.
Ба иттилои манбаъ, дар ин давра мизони таваррум дар Қазоқистон 4,2%, Беларус – 3,4%, Қирғизистон – 3%, Русия – 2,6%, Украина – 2%, Озарбойҷон – 1,5%, Молдова – 1,1%, Арманистон – 1%-ро ташкил додааст.
Дар бораи нишондиҳандаҳои Туркманистон дар ин самт маълумот дода нашудааст.
Мувофиқи маълумоти Агентии омори Тоҷикистон, сатҳи баланди таваррум дар ин давра дар натиҷаи болоравии арзиши маҳсулоти хӯрокворӣ (7,5%) ба вуҷуд омад. Нархи маҳсулоти ғайриозуқаворӣ ва тарифҳо ба хизматрасониҳои пулакӣ ба андозаи 0,6% афзуданд.
Дар ин давра аз ҳама бештар арзиши картошка (45,4%), маснуоти макаронӣ (22,7%), орди гандумӣ (17,7%), маҳсулоти нонӣ (13,5%) гази моеъ (13,8%), билетҳои ҳавопаймоӣ (30%) боло рафтааст.
Ёдрас мекунем, ки соли гузашта сатҳи таваррум дар Тоҷикистон 8%-ро ташкил дод. Бонки миллии Тоҷикистон дар нақша дорад, ки сатҳи таварруми имсоларо дар сатҳи 7% нигоҳ дорад.
Бино ба маълумоти Бонки миллии Тоҷикистон, сабаби болоравии сатҳи таваррум, асосан аз ҳисоби омилҳои таклифотӣ, пеш аз ҳама авҷ гирифтани пандемияи коронавирус (COVID-19), ки дар натиҷа ба кам гардидани пешниҳоди баъзе аз маҳсулоти асосии хӯрокворӣ, маҳдуд шудани тиҷорати байналхалқӣ, паст будани сатҳи рақобатнокӣ дар бозорҳои дохилӣ, инчунин таъсири омилҳои мавсимӣ замина гузошт, арзёбӣ мегардад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Теъдоди донишҷён аз Тоҷикистон дар Ӯзбекистон 2 баробар зиёд шудааст
Баъди ҳамлаҳои мусаллаҳона аз Афғонистон сохтмони як роҳи байналмилалӣ дар Дарвоз қатъ шудааст
Дар Тоҷикистон гирифтани тасдиқи маълумотнома дар бораи вазъи оилавӣ ба таври онлайнӣ ба роҳ монда шуд
Ҳукумати нав сохтанд ё ҷойгузини ҳам шуданд? Дар Украина чанд мансабдор аз вазифа рафт
Тағйироти кадрӣ. Ёрдамчии раисҷумҳур ва роҳбарони 9 шаҳру навоҳӣ нав шуданд
Боздошти як зодаи Тоҷикистон дар Русия дар робита ба марги як блогери рус
Пахта дар бозори ҷаҳонӣ қимат мешавад. Ин ба Тоҷикистон чӣ фоида дорад?
Тоҷикистон дар радабандии ҷаҳонии амнияти занон зинаи 89-умро касб кард
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хоб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Ҳавои моҳи январ дар Тоҷикистон камбориш ва нисбатан гарм пешбинӣ мешавад
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста