Аксарияти бонкҳои кишвар барои мубодилаи арзи миллӣ бо доллар имкон надошта, дар ҳамин ҳол, бо майли том долларро ба сомонӣ иваз мекунанд.
Дар нуқтаҳои мубодилаи асъори бонкҳо мегӯянд, ба мизоҷон танҳо ҳамон асъореро пешниҳод карда метавонанд, ки дар навбати худ аз дигар мизоҷон мегиранд.
Сомониро ба доллар танҳо чанде аз бонкҳо қатъиян ба миқдори маҳдуд - то 200 доллар ба як кас иваз мекунанд. Масалан, дар воҳидҳои Бонки Эсхата, Аввалин Бонки молиявии хурд, “Арванд”.
Дар ҳамин ҳол, барои дарёфти асъори хориҷӣ пешакӣ ба навбат номнавис шудан зарур буда, даъватро интизор шудан лозим аст. Ин навбатпойӣ бо сабаби маҳдудияти захираи доллар якчанд шабонарӯз давом ёфта метавонад.
Дар бонкҳо изҳор мекунанд, ки хоҳишмандони дастрас кардани доллар хеле зиёданд.
“Тиҷорат ба доллар ниёз дошта, инчунин аксарияти мардум маблағҳои худро бо ин асъори хориҷӣ нигоҳ доштан мехоҳанд. Дар ҳамин ҳол, воридшавии доллар торафт кам мешавад”, - гуфтанд дар бонки “Арванд”.
Камбуди асъор ба кори нуқтаҳои интиқоли маблағи бонкҳо низ таъсир расонида, акнун барои интиқоли доллар шахсе, ки онро интиқол доданист, бояд ин асъорро дошта бошад, зеро дар нуқтаҳо сомонӣ ба доллар иваз намешавад. Кормандони бонк ин ҳолатро набудани асъор маънидод мекунанд.
Ин вазъ дар навбати аввал барои волидоне, ки фарзандонашон дар хориҷи кишвар таҳсил мекунанд, мушкили зиёд меорад, зеро ба донишҷӯён пул лозим буда, онро бо сомонӣ фиристода намешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста