Дар давраи моҳҳои январ-сентябри соли 2020 ҳаҷми умумии буҷети давлатии Тоҷикистон ҳудуди 16 млрд 506 млн сомониро ташкил дод, ки 3,3% аз нақшаи тасҳеҳшуда камтар аст, хабар медиҳад Вазорати молияи ҷумҳурӣ.
Ба ин тариқ, дар ин давра ба буҷети давлатӣ 565 млн сомонӣ (ҳудуди 55 млн доллар) камтар аз нақша маблағ ворид шуд.
Камбуди буҷет дар навбати аввал, ба коҳиши маблағи воридшаванда аз андоз аз даромад ва андоз аз фоида нисбат дода мешавад. Ҳиссаи андоз дар буҷети давлатӣ наздики 68%-ро ташкил медиҳад.
Вобаста ба ин қисмати хароҷоти буҷет иҷро нашуд: маблағҳои пешбинишуда қариб ба ҳамаи бахшҳо ҷудо нагардиданд.
Нисбатан аз ҳама бештар маблағгузорӣ ба соҳаи тандурустӣ, бахши ҳокимияти давлатӣ ва идоракунӣ, маориф, фарҳанг ва варзиш кам шуд.
Ёдрас мекунем, ки охири моҳи июни соли равон ба ҳукумат лозим омад, ки нишондиҳандаҳои буҷети имсоларо бозбинӣ намояд.
Ҳаҷми умумии нақшаи тасҳеҳшудаи даромади буҷет бо назардошти ҷалби маблағҳои грантӣ ба ҷойи 26,1 млрд сомонии қаблан тибқи нақша пешбинигардида 23,6 млрд сомонӣ муқаррар шуд. Нақшаи тасҳеҳшудаи хароҷоти умумии буҷети давлатӣ дар ҳаҷми 26 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки аз нақшаи аввалия 400 млн сомонӣ камтар аст.
Аввали моҳи октябр дар гузориши Бонки ҷаҳонӣ таҳти унвони “Шарҳи иқтисод дар Аврупо ва Осиёи Марказӣ: COVID-19 ва сармояи инсонӣ” зикр шуд, ки ҳукумати Тоҷикистон баҳри таъмини маблағгузории моддаҳои ҳифзшудаи хароҷоти буҷети давлатӣ захираҳои тиллояшро фурӯхт.
Тасдиқи маълумоти мазкур дар сохторҳои марбутаи кишвар муяясар нагардид.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста