Ҳадди ниҳоии умумии ҳаҷми каср (камбуд)-и Буҷети давлатии Тоҷикистон дар соли 2021 ба андозаи 0,5% нисбат ба ММД-и кишвар муқаррар шудааст, ки дар ифодаи пулӣ зиёда аз 463 млн сомонӣ (беш аз 41 млн доллар)-ро ташкил медиҳад.
Сарчашмаҳои рӯйпӯш кардани буҷети кишварро дар соли оянда ҳукумат тариқи зайл муайян кардааст:
- қарзҳои дохилӣ ва хориҷӣ, инчунин грантҳои созмонҳои байнулмилалии молиявӣ - 253 млн сомонӣ;
- фурӯши векселҳо (васиқаҳо)-и хазинадорӣ - 100 млн сомонӣ;
- дивидендҳо (суд, фоида)-и саҳмияҳои давлатӣ - 31 млн сомонӣ;
- сарфаи маблағ аз тендерҳо ба хариди мол, кор ва хизматрасониҳо - 30 млн сомонӣ;
- даромад аз хусусигардонӣ ва ба иҷора додани моликияти давлатӣ - 24 млн сомонӣ;
- барзиёд иҷро кардани нақшаи даромади буҷетҳои маҳаллӣ - беш аз 15,1 млн сомонӣ;
- маблағҳои озоди буҷети ҷумҳуриявӣ - 10 млн сомонӣ.
Қобили зикр аст, ки Буҷети давлатии Тоҷикистон барои соли 2021 рӯзи 20 ноябр аз ҷониби президенти кишвар ба имзо расонида шуд.
Қисмати даромади буҷет дар соли оянда дар ҳаҷми 27,6 млрд сомонӣ муқаррар шудааст, ки дар муқоиса бо буҷети имсола 1,6 млрд сомонӣ зиёдтар аст.
Хароҷоти буҷет дар соли 2021 ба маблағи 28,1 млрд сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки нисбат ба буҷети соли ҷорӣ 1,7 млрд сомонӣ зиёдтар мебошад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста