Соли 2020 ба Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 56 млн доллар кумаки башардӯстона ворид гардид, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ. Қайд мешавад, ки кумаки мазкур бо вазни умумии қариб 23 ҳазор тонна аз ҷониби 62 кишвари саросари дунё расонида шудааст.
Кумакрасони асосӣ Чин маҳсуб меёбад, ки 37,3% аз ҳаҷми умумии кумаки башардӯстона ба ин кишвар рост меояд.
Ҳамчунин ба Тоҷикистон аз Русия (8,5%), Ӯзбекистон ва Туркия (7,6%-ӣ), Нидерланд (7,3%), Қазоқистон (3,3%), Ҳиндустон (2,6%), Кореяи Ҷанубӣ (2,5%), Дания (2,3%), Белгия ва ИМА (1,4%-ӣ), Олмон ва Финландия (1,2%-ӣ), Швейтсария (0,9%) ва дигар кишварҳо низ кумаки башардӯстона дастрас шудааст.
Қобили зикр аст, ки тайи даҳсолаи ахир Чин ба шарики асосии тиҷоративу иқтисодии Тоҷикистон табдил ёфт.
Айни замон Чин аз лиҳози сармояи гузошта ба иқтисоди Тоҷикистон пешсаф аст, ҳарчанд сармоягузориҳои аввали Чин соли 2008 сурат гирифтанд ва ин ҳам дар ҳоле буд, ки сармоягузории андӯхтаи Русия аллакай зиёда аз 920 млн долларро ташкил медоданд.
Дар зарфи даҳ соли охир ба Чин муяссар шуд, ки ба иқтисоди Тоҷикистон ба маблағи ҳудуди 1,4 млрд доллар сармоягузорӣ анҷом диҳад ва ин ҳам дар ҳолест, ки ҳаҷми сармоягузориҳои Русия ҳоло ба 1 млрд доллар нарасидааст.
Қобили зикр аст, ки Чин ба сегонаи шарикони асосии савдои ҷумҳурӣ низ шомил буда, аз рӯйи ҳаҷми гардиши молу маҳсулот пас аз Русия ва Қазоқисстон зинаи сеюмро ишғол мекунад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста