Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) меъёри бозтамвилро ба андозаи 0,25 банди фоизӣ - аз 10,75% то ба 11%-и солона боло бурд.
Дар ҷаласаи навбатии Кумитаи сиёсати пуливу қарзӣ рӯзи ҷумъаи ҳафтаи гузашта чунин тасмим гирифта шуд, хабар медиҳад шуъбаи матбуоти БМТ.
Дар шарҳи қарор қайд мешавад, ки чунин қарор бо назардошти афзоиши фишори таваррум ва нигаҳдории нарху тарифҳо дар давраи миёнамуҳлат дар доираи нишондиҳандаи мақсаднок қабул шудааст.
Нишондиҳандаи мақсадноки таваррум барои соли 2021 аз ҷониби Бонки миллӣ чун соли пешин дар сатҳи 6,0% (+/-2 б.ф.) муқаррар шудааст.
Ёдрас мекунем, ки давоми соли 2020 Бонки миллӣ меъёри бозтамвилро ду маротиба поин бурд: охири моҳи апрел аз 12,75% то ба 11,75% ва охири моҳи июл - то ба 10,75%-и солона.
Ёдрас мекунем, ки сатҳи таваррум дар соли гузашта 9,4%-ро ташкил дода, маҳсулоти хӯрокворӣ нисбатан (ба андозаи 13%) қимат шуд.
Дар таҷрибаи ҷаҳонӣ бозтамвил меъёри фоизие шуморида мешавад, ки бар асоси он бонки марказии кишвар ба бонкҳои тиҷоратӣ қарз дода, онҳо дар навбати худ, барои соҳибкорӣ ё дигар эҳтиёҷоти шахсӣ ба аҳолӣ қарз медиҳанд. Мутаносибан, чӣ қадар меъёр баланд ё паст бошад, ҳамон қадар фоизҳои қарз дар бонкҳои тиҷоратӣ ва дигар ташкилотҳои қарзӣ баланд ё паст мешаванд.
Меъёри бозтамвил воситаи танзими пуливу қарзӣ буда, тавассути он БМТ ба меъёрҳои бозори байнибонкӣ ва меъёрҳои қарзу депозит, ки аз ҷониби ташкилотҳои қарзӣ ба шахсони ҳуқуқию воқеӣ дода мешаванд, таъсир мерасонад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста