Дороии умумии ташкилотҳои қарзии кишвар соли гузашта қариб 20% ё худ ба миқдори 4,3 млрд сомонӣ (зиёда аз 410 млн доллар бо қурби миёнаи соли 2020) афзуд, хабар дода мешавад дар ҳисоботи Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ).
Ҳаҷми муштараки дороиҳои ташкилотҳои қарзии ҷумҳурӣ ба аввали соли равон беш аз 26,3 млрд сомониро ташкил дод.
Дороиҳо ҳама он чизест, ки бонк ба он маблағҳои доштаашро мегузорад. Яъне, қарзу коғазҳои қиматнок ва дигар иншооти моликият ки ташкилоти қарзӣ маблағҳои худ ва ҷалбшударо мегузорад.
Афзоиши ҳаҷми дороиҳо ба зиёдшавии ҳаҷми қарздиҳӣ ва маблағҳо дар суратҳисобҳои муросилавӣ дар бонкҳои хориҷӣ маънидод мешавад.
Соли гузашта ҳаҷми сандуқи қарз қариб 1,2 млрд сомонӣ (12,2%) афзуда, ба аввали ҳамин сол наздики 10,9 млрд сомониро ташкил медиҳад.
Афзоиши қарздиҳӣ дар соли 2020 асосан аз ҳисоби зиёд шуани қарзҳои тиҷоратӣ ва қарзҳои шахсони воқеӣ ба вуҷуд омадааст. Лекин 23,4% (зиёда аз 2,5 млрд сомонӣ) дар ҳаҷми умумиро қарзҳои пардохтнашуда (батаъхирафтода ба муҳлати беш аз 30 рӯз) ташкил медиҳанд.
Соли 2020 Бонки миллӣ иҷозатномаи 8 ташкилоти қарзиро бозхонд, ба назардошти ТАХ “Алиф Сармоя”, ки ба он барои кор ба сифати бонки тиҷоратӣ иҷоза дода шуд.
Ҳамчунин “Саноатсодиротбонк”, ки бонки дуюми давлатии тиҷоратӣ дар низоми бонки кишвар шуд, иҷозатнома дастрас гардид.
Ба аввали соли 2021 дар низоми бонкии Тоҷикистон 69 ташкилоти қарзии молиявӣ, аз ҷумла 18 бонки маъмулӣ, 1 бонки исломӣ, 19 ташкилоти амонатгузории қарзии хурд, 6 ташкилоти қарзии хурд ва 27 фондҳои қарзии хурд амал мекунанд.
Бонки давлатии “Амонатбонк”, бонкҳои хусусии “Ориёнбонк” ва “Эсхата”, ки ҳиссаи мушатаракашон ба ҳудуди 64% баробар аст, бонкҳои низомсози ҷумҳурӣ эътироф шуданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста