Ширин Амонзода, вазири нави меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон мегӯяд, соли 2020 нисбат ба соли 2019 шумораи тоҷиконе, ки ба муҳоҷирати меҳнатӣ рафтаанд, 76 дар сад кам шудааст. Ин нуктаро Амонзода имрӯз дар нишасти хабарии ниҳодаш, ки ҳамин ҳоло ҷараён дорад, ба хабарнигорон гуфт.
Ба гуфтаи вазири нави кобинаи ҳукумат, соли гузашта аз Тоҷикистон барои муҳоҷирати меҳнатӣ ҳамагӣ 129 ҳазору 807 нафар рафтааст, ки аз ин 117 912 нафар ба Русия ва 4574 нафар ба Қазоқистон рафтаанд.
Бино ба иттилои Вазорати меҳнат, дар Тоҷикистон соли 2020 баландтарин маош 2376,2 ва пасттарин маош 561,1 будааст, ки баландтарини он ба бахши сохтмон ва пасттарини он ба кишоварзӣ ва ҷангалдорӣ рост меояд. Вазири меҳнат мегӯяд, ки маоши миёнаи номиналӣ дар Тоҷикистон соли 2020 то 3,9 дар сад боло рафта, бар муқоиса бо соли 2019 1377,17 сомониро дар бар гирифтааст.
Ба назари Амонзода, нишондиҳандаи беҳтарро дар ин бахш ВМКБ дорад, ки дар ин вилоят то 10,2 дар сад боло рафтааст. Дар Хатлон 5,9, навоҳии тобеи ҷумҳурӣ - 5,2, Суғд - 4,1 ва Душанбе - 1,5 дар сад будааст.
Вазорати меҳнат мегӯяд, ки соли 2020 76 ҳодисаи нохуш дар истеҳсолот рух додааст, ки дар натиҷа 42 кас ба ҳалокат расидаанд. Ба хонаводаи онҳо 3 миллиону 83,2 ҳазор сомонӣ ҷубронпулӣ пардохта шудааст.
Ширин Амонзода мегӯяд, ки соли 2020 193 ҳазор ҷойи кор эҷод шудааст. Шумораи бекорон бештар аз 136 ҳазор будааст. Вазир мегӯяд, инҳо онҳое ҳастанд, ки расман барои кор муроҷиат кардаанд ва 103,4 ҳазори онҳоро ҳамчун нафарони дар ҷустуҷӯйи кор номнавис кардаанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста