Раиси Кумитаи рушди сайёҳии назди ҳукумати Тоҷикистон Тоҷиддин Ҷӯразода имрӯз зимни нишасти хабарӣ изҳор дошт, ки пандемияи COVID-19 ба бахши сайёҳии ҷумҳурӣ зиёни ҷиддӣ расонид: бар асари паҳншавии коронавирус давоми соли 2020 вуруди сайёҳон ба андозаи 72,2% кам шуд.
Соли гузашта шумори умумии сайёҳони аз Тоҷикистон боздидкарда 350 ҳазору 600 нафарро ташкил дода, ин нишондиҳанда дар соли 2019 ба 1 млн 254 ҳазор нафар баробар буд.
Тоҷиддин Ҷӯразода ҳамчунин маблағи тахминии зарари расида ба бахши сайёҳиро аз таъсири коронавирус номбар кард.
“Агар то пандемия ҳиссаи сайёҳӣ дар Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ (ММД)-и кишвар дар сатҳи 2-2,5% қарор дошт, ки тахминан 230-250 млн доллар аст, пас соли 2020 даромад аз сайёҳӣ то 72 млн доллар кам шуд, ки ин ҳамагӣ 1%-и ММД мебошад”, - қайд кард раиси Кумита.
Ба гуфтаи ӯ, дар вазъияти ҷойдошта Кумитаи рушди сайёҳӣ тасмим гирифт, ки ба рушди сайёҳии дохилӣ бештар таваҷҷуҳ зоҳир кунад.
Бо ин мақсад баргузории корҳои таъмиру навсозӣ дар Қалъаи Ямчуни ВМКБ ва Ҳулбук дар ноҳияи Восеъ, мақбараи "Хоҷа-Машҳад" ва "Чилучорчашма" дар ноҳияи Шаҳритус“ба нақша гирифта шудааст.
Зикр шуд, ки соли 2020 дар Тоҷикистон 22 ширкати нави сайёҳӣ таъсис дода шуда, акнун шумори умумии онҳо ба 224 адад расид. Ҳамчунин 6 меҳмонхонаи нав бунёд гардида, айни замон теъдоди умумии онҳо дар Тоҷикистон 188 ададро ташкил медиҳад.
Ҷӯразода қайд кард, ки минбаъд ба сохтмони хостел (меҳмонхонаи хурд) ва хоумстейҳо (меҳмонхонаи канори роҳ) таваҷҷуҳи зиёдтар зоҳир хоҳад шуд.
Ӯ ҳамчунин зикр кард, ки барои амалисозии лоиҳаҳо оид ба рушди деҳот ва сайёҳӣ 30 млн доллар гранти Бонки ҷаҳонӣ ва 10 млн доллар гранти Бонки осиёии рушд ҷалб шудааст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 январи соли 2026
“Ба назди мардум меравам”. Раиси тозатаъини Кӯлоб кист ва чӣ нақша дорад?
Дар Хатлон як мардро барои бо барқ куштани ҳамсараш 21 сол зиндонӣ кардаанд
Дар ҳолати мастӣ, ташкили пойга ва бе ҳуҷҷати ронандагӣ. Барои вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ чӣ ҷарима таъин мешавад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста