Дар шаҳри Токио ҷиҳати кушодани лифофаҳои пешниҳоди техникии ширкатҳои довталаб вобаста ба интихоби ширкати ҷопонии пудратчӣ барои иҷрои корҳои сохтмонии қитъаи Қизилқалъа-Бохтар озмун баргузор шуд.
Бино ба иттилои дафтари матбуоти Вазорати нақлиёти ҶТ, намояндагони Вазорати нақлиёт тариқи видеоконфронс ба ин маросим пайваст гардиданд.
Гуфта мешавад, пеш аз оғози расмиёти гузаронидани озмун муовини якуми вазир Раҳим Бобозода ба ҳукумати Ҷопон барои дастгирӣ дар рушди бахши нақлиёти Тоҷикистон миннатдории роҳбарияти Вазорати нақлиётро ба ҳукумати Япония баён намуд.
“Озмун тибқи расмиёти Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ "JICA" оғоз карда шуда, дар он танҳо як ширкати ҷопонии "Дай Ниппон" иштирок кард, - омадааст дар хабари Вазорат. - Пешниҳоди техникии он бояд то санаи 23 марти соли 2021 арзёбӣ карда шавад”.
Ёдрас мекунем, ки оид ба лоиҳаи мазкур моҳи сентябри соли 2019 байни ҳукумати Тоҷикистон ва Агентии рушди байнулмилалии Ҷопон (JICA) созишномаи грантӣ ба имзо расид.
Дар лоиҳа таъмиру навсозии қитъаи Қизилқалъа-Бохтари роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар пешбинӣ шуда, ҳукумати Ҷопон тариқи JICA барои татбиқи лоиҳаи мазкур 3 млрд. 232 млн. йени ҷопонӣ ва барои анҷоми корҳои муфассали лоиҳакашӣ 117 млн. йени ҷопонӣ (наздики 31 млн. доллар) ҷудо мекунад.
Ҳадаф аз амалисозии лоиҳа баланд бардоштани сатҳи бехатарии ҳамлу нақли бору мусофирон ва ҳаракати воситаҳои нақлиёт аст. Муҳлати амалисозии лоиҳа 22 моҳ аз замони имзои созишнома муқаррар шудааст. Масофаи қитъаи роҳ наздики 10 километрро ташкил медиҳад. Пас аз анҷоми корҳои таъмиру навсозӣ қитъаи духатаи роҳ чорхата мешавад.
Ҳудуди 40 километр роҳи автомобилгарди Душанбе-Бохтар (масофаи умумиаш тақрибан 98 километр) аз ҳисоби маблағҳои Бонки осиёии рушд таъмиру навсозӣ мешавад. Ҳаҷми маблағгузории БОР дар лоиҳа 90 млн. доллар аст.
Арзиши умумии амалисозии лоиҳаи мазкур дар маҷмӯъ 107,5 млн долларро ташкил медиҳад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста