Раиси Маҷлиси милии Куриёи Ҷанубӣ Пак Бён Сок, ки бо як сафари корӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, аз Парки технологияҳои иноватсионии Гуруҳи корхонаҳои "Ғюар" боздид кард ва бо натиҷаи кори яке аз тарҳҳои муштарак - Корхонаи истеҳсоли фурӯзонакҳои диёдӣ шинос шуд.
«Тоҷикистон дар як мавқеияти хеле мувофиқ қарор дорад, -гуфт дар мусоҳиба ба "Азия-Плюс" намояндаи ҳайат Шим Ҷей Бок - Хоҳиши Куриё барои сармоягузор дар Тоҷикистон бо назардошти ин аст, ки ин кишвар дар маркази Осиёи Марказӣ ҷойгир аст, ки имконоти бисёрере барои содирот ба кишварҳои ҳамсояи Ҷануби Осиё, аз ҷумла Ҳинду Покистон фароҳам мекунад. Инҷо бояд дар маҷмуъ 6 корхона бунёд шавад. Ба ҷуз ин мо аллакай Меморандум бо Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолиро барои омӯзиши забони курёӣ ба имзо расонидем Рӯзҳои наздик Маркази омӯзиши забони куриёӣ боз мешавад, то ҷавонони тоҷик ин забонҳоро биомӯзанду дар корхонаҳои муштарак кор кунанд».
«Мувофиқи тавофуқҳои ҳосилшуда мо корхонаҳои истеҳсоли рангҳои иноватсионӣ, маҳсулоти сантехникӣ, уребчаҳо, таҷҳизоти барқии барои ошхона месозем"-, гуфт ба «Азии-Плюс» директори иҷроияи ҶДММ “Ғаюр” Юсуф Сафаров. - Дар ҳоли ҳозир 12 навъи маҳсулоте, ки Гуруҳи корхонаҳои "Ғаюр" истеҳсол мекунад ба кишварҳои хориҷ содир мешаванд ва имсол ин ширкат ҳадаф дорад ба Русия ва кишварҳои дигари Шӯравии собиқ фурӯзонакҳои диодиро содир кунанд. Ҳамаи корхонаҳое, ки мо месозем бо назардошти содирот бунёд мешаванд".

Сейчас корхонаи муштаракаи «Ғаюр Кореа Технолоҷӣ» беш аз 100 намуди маҳсулоти диодӣ истеҳсол мекунад. Баъди расман боз кардани корхона дарҳол дар доираи як тарҳи таҷрибавӣ дар хиёбони Исмоили Сомонӣ аз оғози хиёбон то эстокадаи навбунёд 440 чароғҳои истеҳсолкардаи корхонаи муштарак насб карда шуд. Ин маҳсулот тибқи технологияи нави Курёи Ҷанубӣ истеҳсол шудаанд, ки кори чароғҳоро то 100 000 соат дароз мекунад.

Дар панҷ корхонаи нави дигаре, ки бунёдашон дар назар гирифта шудааст ҷониби Курё 25 миллион доллар равона мекунад, ки имкони фароҳам шудани 2 ҳазор ҷойи кор дар назар аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста