Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим ба намояндагони Бонки осиёии рушд (БОР) пешниҳод намуд, ки ба рушди зербинои нақлиётии шаҳри Душанбе таваҷҷуҳ зоҳир созанд.
Тавре маркази матбуоти Вазорат хабар медиҳад, 26 май зимни вохӯрӣ бо намояндагони БОР вазир иброз дошт, ки шаҳри Душанбе ба Мегаполиси минтақавӣ табдил ёфтааст ва шумораи истиқоматкунандаи расмӣ дар шаҳр бештар аз 900 ҳазор нафарро ташкил медиҳад.
Ӯ таъкид дошт, ки дар ин самт аз ҷониби КВД “Шаҳри ҳушманд” лоиҳаи рушди инфрасохтори нақлиёти шаҳрӣ бо назардошти сохтмони роҳравҳои ҳавои дар гузаргоҳҳо, васлу насби камераҳо ва дигар таҷҳизотҳои мушоҳидавӣ дар гузаргоҳҳои пиёдарав, хиёбонҳо ва гулгаштҳо пешбинӣ шудааст.
Лоиҳаи пешниҳодгардида иборат аз 10 ҷузъ (компонент) буда, маблағи умумии он 35 миллион доллари ИМА-ро ташкил мекунад.
Ҳамчунин вазир зикр кард, ки ояндаи наздик барои таъмини ҳаракати бемамонияти воситаҳои нақлиёти шаҳрӣ, бехатарии ҳаракат дар роҳ ва гузаргоҳҳо сохтмони 10 пулҳои (эстакада) се сатҳа зарур мебошад.
Тибқи маълумоти Вазорати нақлиёт, ҳамкориҳои Вазорати нақлиёт бо БОР аз соли 2000 оғоз гардида дар ин давра 12 лоиҳа бо дастгирии Бонк татбиқ карда шуданд. Ҳиссаи маблағи ҷалбшудаи Бонк 434,4 миллион долларро ташкил медиҳад.
Айни замон аз ҳисоби кумаки молиявии БОР ду лоиҳа мавриди амалишавӣ қарор дорад: барқарор намудани роҳи мошингарди Душанбе-Бохтар (ҳиссаи БОР - 157,2 млн доллар) ва сохтмони роҳи Обигарм-Нуробод (110 млн доллар).
Ғайр аз ин, моҳи ноябри соли гузашта БОР маблағгузориро дар ҳаҷми 67,5 млн доллар) барои сохтмони роҳи мошингарди Ҳулбук-Темурмалик-Кангурт ва Бохтар-Данғара тасдиқ кард.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста