Ҳукумати Тоҷикистон дастур дод, ки меъёрҳои боҷҳои воридотии гумрукӣ ба гӯшт ва маҳсулоти ғизоӣ аз мурғи хонагӣ, инчунин маснуоти макарон (спагетти, лапша, равиоли, каннеллони ва ғайра) ду баробар зиёд карда шавад.
Дар қарори ҳукумат аз 27 майи соли равон супориш дода шудааст, ки меъёрҳои боҷи воридотии гумрукӣ аз 10% то 20% аз арзиши гумрукии маҳсулоти зикршуда боло бурда шавад.
Ҳамчунин дастур дода шудааст, ки меъёрҳои боҷии воридотии гумрукӣ ба тамоку ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку зиёд карда шаванд.
Аз ҷумла боло бурдани меъёри «ашёи хоми тамоку ва партовҳои тамоку” аз 5% аз арзиши маҳсулоти змикршуда то 10%, «сигар, сигарҳо бо охирҳои буридашуда, сигарилла ва сигаретҳо аз табак ё ивазкунандаҳои саноатии он» - аз 23% то 46%, «дигар тамокуи бо роҳи саноатӣ тайёршуда ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку, «гомогенишуда» ё тамокуи “барқароршуда”, шираҳо ва ҷавҳари тамоку - аз 18% то 36% дар назар аст.
Қаблан зикр гардида буд, ки бо қарори ҳукумат ду баробар боло бурдани андози аксизӣ ба тамоку ва ивазкунандаҳои саноатии тамоку ба нақша гирифта шудааст.
Қарорҳо дар бораи болоравии боҷ ба гӯшти мурғ ва маснуоти тамоку баъди як моҳи нашрр расмӣ дар нашрияи ҳукумат “Ҷумҳурият” ва меъёрҳои нав ба маснуоти макарон аз 1 январи соли 2022 мавриди амал қарор мегиранд.
Меъёрҳои боҷи воридотии гумрукӣ маъмулан барои коҳиши воридоти ҳаҷми маҳсулоти номатлуб ба кишвар боло бурда мешаванд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста