Соли 2020 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Эрон 57,7 млн долларро ташкил дод. Аз ин маблағ 9,4 млн ба содирот ва 48,4 млн доллар ба воридоти мол аз Эрон рост меояд.
Дар ҳаҷми умумии савдои хориҷии кишвар ҳиссаи гардиши мол байни Тоҷикистону Эрон ба 1,3% баробар аст.
Ин маълумот дар ҷаласаи 14-уми Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистону Эрон оид ба ҳамкориҳои тиҷоративу иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангӣ рӯзи 7 июн дар Душанбе садо дод, хабар медиҳад ИРНА.
Ҷаласа таҳти раёсати вазири энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон Далер Ҷумъа ва вазири энергетикаи Эрон Ризо Ардакониён баргузор шуд.
Дар маросими ифтитоҳи ҷаласа Далер Ҷумъа изҳор дошт, ки густариши минбаъдаи ҳамкориҳо воситаи муҳими таҳкими муносибатҳои иқтисодӣ байни кишварҳо мебошад.
“Халқҳои мо робитаҳои умумии таърихӣ, фарҳангӣ ва динӣ дошта, ин барои рушди ҳамкориҳои мутақобилан судманд заминаи мусоид фароҳам меорад, - гуфт Далер Ҷумъа. - Имконоти истифоданашудаи ҳар ду кишвар ҳоло ҳам бузург аст, ки дар муносибатҳои дуҷониба нақши назаррас дошта метавонад”.
Ризо Ардакониён дар навбати худ зикр кард, ки Эрон яке аз аввалин кишваре буд, ки соли 1991 истиқлолияти Тоҷикистонро эътироф намуд.

Ӯ аз дархост ва пешниҳоди ҷониби Тоҷикистон дар бораи тавсеъаи сармоягузориҳои саноатии Эрон ба Тоҷикистон истиқбол кард.
“Ҳалли мушкилоти бонкӣ заминаест барои рушди сармоягузориҳои Эрон. Яке аз самтҳои муҳими густариши мунсибатҳои тиҷоратӣ байни кишварҳо мавҷуд будани муносибатҳои бонкӣ байни онҳост ва ҳар ду ҷонибро лозим аст, ки дар ин самт тадбирҳои мушаххас андешанд”, - иброз дошт ӯ.
Дар ҷаласа зикр шуд, ки Тоҷикистон ба рушди ҳамкориҳо бо Эрон дар соҳаҳои электроэнергетика, сохтмони роҳу нақлиёт, алоқа, илму маориф, фарҳангу тандурустӣ, саноат ва дигар бахшҳо манфиатдор аст.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста