Роҳбари маъмурияти Хазинаи байнулмилалии асъор (ХБА) оид ба Тоҷикистон тадбирҳои зиддибӯҳронии Ҳукумати ҷумҳуриро натиҷабахш арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар байни кишварҳои минтақа рушди иқтисодии Тоҷикистон аз ҳама баланд аст
Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ Завқӣ Завқизода бо роҳбари маъмурияти ХБА оид ба Тоҷикистон Селим Элекдаг дар шакли видеоконфронс гуфтушунид кард.
Завқизода дар оғози вохӯрӣ Селим Элекдагро бо таъйин шуданаш ба мансаби нав табрик намуда, дар иҷрои фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ орзу намуд.
Ҷонибҳо оид ба тамоюлҳои иқтисоди ҷаҳон, вазъи иҷтимоию иқтисодӣ дар соли 2020 ва моҳҳои январ-майи соли 2021, инчунин дурнамои рушди иқтисодиёт дар ояндаи миёнамуҳлат гуфтушунид намуданд.
Завқизода зикр кард, ки бо дастури Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар натиҷаи андешидани тадбирҳои саривақтии зиддибӯҳронии Ҳукумати кишвар оид ба пешгирии таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ва ислоҳоти анҷомдодашуда рушди Маҷмӯи маҳсулоти дохилӣ дар соли 2020 ба 4,5 фоиз баробар гардид.
Инчунин дар моҳҳои январ-майи соли 2021 рушди иқтисоди миллӣ 8,6 фоизро ташкил намуд, ки ин барқароршавии иқтисодиётро нишон медиҳад.
Роҳбари маъмурияти ХБА оид ба Тоҷикистон тадбирҳои андешидаи зиддибӯҳронии Ҳукумати кишварро натиҷабахш арзёбӣ намуда, қайд кард, ки дар байни кишварҳои минтақа рушди иқтисодиёти Тоҷикистон аз ҳама баланд мебошад.
Ҳамзамон Завқизода аз ҷониби ХБА дархост намуд, ки бо назардошти вазнин омадани соли 2021 ҷиҳати зиёд намудани дастгириҳои молиявии Шарикони рушд, аз ҷумла ХБА барои соҳаҳои иқтисоди миллӣ, расонидани кумаки техникӣ барои тақвияти низоми моделсозию дурнамосозии макроиқтисодӣ ва таҷдиди назар намудани дурнамои рушди иқтисодии Тоҷикистон мусоидат намояд, ки хуш пазируфта шуд.
Дар анҷоми вохӯрӣ ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати густариши минбаъдаи ҳамкориҳо дар самтҳои кам кардан ё пешгирӣ намудани таъсири хавфҳои эҳтимолӣ ба соҳаҳои иқтисоди миллӣ ва нигоҳ доштани устувории макроиқтисодӣ баён доштанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.