Вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим бо намояндагони ширкатҳои Dai Nippon Construction ва CTI Engineering Co.ltd лоиҳаи сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа-Бохтар” шоҳроҳи Душанбе – Бохтарро баррасӣ кард, хабар медиҳад хадамоти матбуоти Вазорати нақлиёти Тоҷикистон.
Ширкати аввал зикршуда паймонкор буда, ширкати дуюм дар амалисозии лоиҳа ба сифати машваратчӣ иштирок мекунад.
Вазири нақлиёти ҷумҳурӣ ба ширкати паймонкор пешниҳод намуд, ки барои бештар пурсамар истифода шудани маблағҳо лоиҳаро бо ҷалби ширкатҳои маҳаллӣ амалӣ созад.
Ӯ зикр кард, ки дар вазъияти пандемия интиқоли техникаю таҷҳизотҳо аз Ҷопон ба Тоҷикистон ва хароҷотҳои вобаста ба ин равандро метавон тариқи ҷалби имкониятҳои дохилӣ сарфа намуд.
“Ин ҳам дар ҳолест, ки Dai Nippon Construction таҷрибаи ҳамкорӣ бо ширкатҳои маҳаллиро дорад ва дар вазъияте, ки хатари бемории коронавирус то ҳол аз байн нарафтааст”, - иброз дошт вазир.
Намояндагони ширкати паймонкор изҳор доштанд, ки масъалаи мазкурро ҳамаҷониба мавриди таҳлил қарор дода, хулосаи худро вобаста ба ин пешниҳод менамоянд.
Ёдрас мекунем, ки созишнома дар бораи сохтмони қитъаи роҳи автомобилгарди “Қизилқалъа-Бохтар” шоҳроҳи Душанбе – Бохтар байни Вазорати нақлиёти Тоҷикистон ва ширкатҳои Ҷопон моҳи апрели соли равон ба имзо расид.
Дар доираи амалисозии лоиҳа аз ҳисоби кумаки бебозгашти молиявии ҳукумати Ҷопон ба маблағи 30,1 млн доллар дар масофаи 9,2 километр роҳи 4-хатта сохта мешавад.
Дар назар аст, ки амалисозии лоиҳаи мазкур дар муддати 22 моҳ пурра ба анҷом расонида шавад.
Қитъаи қариб 40-километрии роҳи мошингарди Душанбе - Бохтар (масофаи умумиаш тақрибан 98 км) аз ҳисоби кумаки бебозгашти Бонки осиёии рушд (БОР) ба маблағи 90 млн доллар таъмиру бозсозӣ мешавад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста