Қазоқистон тасмим дорад беш аз 700 ҳазор тонна маҳсулоти кишоварзӣ, бахусус сабзиро ба чанд кишвари Осиёи Миёна, аз ҷумла ба Тоҷикистон содир кунад. Дар ин бора вазири савдо ва ҳамгироӣ Бақир Султонов изҳори назар карда гуфтааст, рӯзҳои наздик барои бастани созишномаҳои ниҳоӣ ба ин кишварҳои ҳамсоя сафар мекунад.
Қарор аст, вазири қазоқ барои бастани созишнома бо Ӯзбекистон, Тоҷикистон, Қирғизистон, Русия ва Эрон ба мувофиқа бирасад ва ба ин кишварҳо сафар кунад
Бино ба навиштаи расонаи қазоқии Литер, вазири савдо ва ҳамгироӣ Қазоқистон гуфтааст дар давраи ҷамъоварии ҳосили барвақтӣ ин кишвар метавонад ба кишварҳои ҳамсоя тақрибан 765 ҳазор тонна сабзавот содир кунад. Қазоқистон соли гузашта 360 ҳазор тонна картошка содирот кардааст.
Дар ҳоле Қазоқистон мехоҳад дар воридоту содироти сабзавот бо кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷумла Тоҷикистону Ӯзбекистон ба мувофиқа бирасад, ки бозори дохилии ин кишвар дар мавсим тақрибан ба 280 ҳазор тонна сабзавоти барвақтӣ ниёз дорад.
Ба гуфтаи вазири савдо ва ҳамгироӣ Қазоқистон, бастани созишномаҳои нав бо кишварҳои ҳамсоя нархи маҳсулотро коҳиш медиҳад.
Имсол дар аксар кишварҳои Осиёи Миёна, ба хусус Тоҷикистону Ӯзбекистон, Қирғизистон ва Қазоқистон нархи маҳсулулоти кишоварзӣ аз ҷумла сабзӣ якбора боло рафт ва боис ба нигарониҳо шуд.
Дар Тоҷикистон ҳоло як кг сабзӣ аз 8 то 12 сомонӣ қиммат дорад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.
Баъди зилзила. Сокинони Рашту Тоҷикобод чӣ аҳвол доранд?
“Азия-Плюс” барои фармоишгарони реклама Telegram-бот бо ҳуши маснӯиро роҳандозӣ мекунад
Шаҳри Қазвини Эрон ва Хуҷанд метавонанд бародаршаҳр шаванд
“Дарди музмин”. Нигаронии сокинон аз талаби пул барои таъмири мактаб
Вазорати тандурустӣ гуфт, дар Тоҷикистон аввалин ҷарроҳии бебуриши талхадон анҷом дода шуд
“Хиёнат ба ҷони паноҳҷӯён”. Амрико паноҳҷӯёни Афғонистонро ба ватанашон мефиристад
Оғози сафар ба ҳаҷ. Аввалин гурӯҳи зоирони тоҷик 16-уми май ба Арабистони Саудӣ мераванд
Эмомалӣ Раҳмон қонуни бекор кардани ҷазо барои "лайк" - ро имзо кард
Аз имзои қарордоди $142 млрд аслиҳа то лағви таҳримҳо алайҳи Сурия. Натиҷаҳои рӯзи аввали сафари Доналд Трамп ба Ховари Миёна
“Wildberries” дар Тоҷикистон чӣ гуна кор мекунад ва чаро арзиши хадамоти боррасонии он гарон аст?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста