Маблағи умумии қарздорӣ аз пардохти музди меҳнат бо дарназардошти солҳои гузашта ба ҳолати 1 июни соли равон 57 млн 713 ҳазор сомониро ташкил додааст. Дар ин бора имрӯз, 28 июл, дар нишасти матбуотӣ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии кишвар Ширин Амонзода хабар дод.
Бино ба иттилои вазир, шумораи нафароне, ки корхонаву ширкатҳои Тоҷикистон аз онҳо қарздор мебошанд, 14080 нафарро ташкил дода, кормандони 75 корхона мебошанд.
Амонзода гуфт, ки қарзодорони асоси музди меҳнат дар кишвар корхонаҳои азими саноатӣ ҳастанд, ки қарздории меросӣ доранд. Ба таъкиди ӯ барои бартараф намудани қарздорӣ аз ҳисоби музди меҳнат зина ба зина чораҳо андешида шуда истодаанд.
- Дар натиҷаи корҳои фаҳмондадиҳӣ ва ҷаласаҳои гузаронидашудаи ситодҳои сайёри вазорат наздики 10 ташкилоту муассиса қарзҳояшонро пурра бартараф намуда, 13 ташкилоту муассисаи дигар қарзи музди меҳнатро кам намуданд,- гуфт Амонзода.
10 корхонаи бузурги қарздор кадомҳоянд?
Ба суоли “Азия плюс” дар бораи 10 корхонаи калони қарздор аз музди меҳнат, сардори хадамоти назҳорати давлатӣ дар соҳаи меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Дустмурод Муродзода гуфт, ки дар байни онҳо ҶСК “Тоҷик Эйр” ва ҶСФ “Сохтмони асосии ҶСК НБО Роғун”-и ноҳияи Файзобод ҳам ҳаст, ки ба ҳолати 1 июни соли равон якуми 5,5 млн сомонӣ ва дуввумӣ 3,2 млн сомонӣ қарзи музди меҳнат доранд.
Ҳамин тариқ, қарздории музди меҳнат дар ҶСК “Тоҷикнақбсоз” 1,5 млн сомонӣ, ҶСК “Азот” 6 млн сомонӣ, ҶСК “Тамохуш” 2,4 млн сомонӣ, ҶСК “Комбинати маъдантозакунии Адрасмон”-и шаҳри Исфара 12,7 млн сомонӣ, КВД “Ширкати алюмини тоҷик”-и ноҳияи Ҳисор 10,6 млн сомонӣ, ҶДММ “Биносоз” 1,4 млн сомонӣ, ҶДММ “Талко Кемикал”-и Леваканд 2,9 млн сомонӣ ва КДФ “Кони ангишти Назарайлоқ” 573,2 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.




Аз НБО "Роғун" то муҳоҷират. Масоиле, ки давоми соли 2025 сархати расонаҳо буданд
Аз “таассуф” то “пушаймонӣ”. Амрико аз 66 созмону эътилофи байналмилалӣ хориҷ мешавад
Дар ду сол 328 хоҷагӣ аз минтақаҳои хавфнок ба ҷойҳои амн кӯчонида шудаанд
Маҷлиси намояндагон дар соли 2025 беш аз 48 млн сомонӣ харҷ кардааст. Ин маблағ ба куҷо сарф шуд?
Бозхонди фурӯши баъзе аз ғизои кӯдаконаи тамғаи “NAN” дар Тоҷикистон
Ҷаримаи беш аз 13 ҳазор кас барои риоя накардани қоидаҳои беҳдоштӣ
Тоҷикистонро заминларзаи 5,3 дараҷаӣ такон дод
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Ҳикояи “Хошарӯб”-и Юнус Юсуфӣ |Қисми 2
Сафорати Амрико дар Тоҷикистон боздошти муваққатии “Green Card”-ро расман тасдиқ кард
Раиси Кумитаи рушди маҳал нав шуд. Камолиддин Муминзод кист, дар мансаби пешинааш чӣ кард ва акнун чӣ нақшаҳо дорад?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста