Бонки Халқии Қазоқистон қарори Шӯрои директорони ин бонкро дар бораи ихтиёран барҳам додани бонки фаръӣ дар Тоҷикистон - ҶСП "Халиқ бонк Тоҷикистон" эълон кард.
Маълумот дар ин бора рӯзи 4 август дар сомонаи бонки Қазоқистон нашр шуд.
Бино ба маълумоти маркази матбуоти Бонк, қарори барҳамдиҳии "Халиқ бонк Тоҷикистон" (ХБТ) аз ҷониби Шӯрои директорони бонк 30 июли 2021 қабул карда шудааст.
"Қарор дар бораи ихтиёран барҳам додани бонки фаръӣ дар Тоҷикистон дар асоси таҳлили ҳамаҷонибаи фаъолият ва дурнамои рушди бонки фаръӣ қабул карда шуд", - омадааст дар хабар.
Гуфта мешавад, мутобиқи принсипи стратегии рушди соҳаҳои бештар ояндадори тиҷорат, гурӯҳи Halyk тасмим гирифт, ки аз лоиҳа дар Тоҷикистон хориҷ шавад, то ки тамаркузи захираҳо ва саъю кӯшиши Гурӯҳро ба лоиҳаҳои самаранок ва фоидаовар бо иқтидори бузурги рушди минбаъда равона созад.
ХБТ дар натиҷаи хариди ҶСК "Казкоммерсбонк" дар соли 2017 ба гурӯҳи Halyk дохил шуд. 100% саҳмияҳои бонк ба ҶСК “Бонки халқии Қазоқистон” тааллуқ доштанд. Ба ҳолати 31 марти соли 2021 ҳиссаи ХБТ дар дороиҳои гурӯҳи Halyk 0,03%-ро ташкил медод.
Сармояи оинномавии ХБТ дар оғози фаъолият дар Тоҷикистон ба ҳудуди 35 млн сомонӣ баробар буд.
ҶСП "Халиқ бонк Тоҷикистон" аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон барои анҷом додани амалиёти бонкӣ бо асъори миллӣ ва хориҷӣ иҷозатнома дошт.
Дафтарҳои кории ин бонк дар шаҳрҳои Душанбе ва Хуҷанд фаъолият мекарданд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста