Бонки миллии Тоҷикистон аз интишор ва ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намунаи нави соли 2021 хабар дод. Қарори марбутаи Раёсати Бонки миллӣ дар ин бора рӯзи 16-уми ноябр содир шудааст.
Бар асоси иттилоияи Бонки миллӣ, пулҳои коғазии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ дар намунаи нав ба муомилот бароварда мешаванд.
Бонки миллӣ далели интишору вориди муомилот кардани пулҳои коғазии намунаи навро нагуфтааст, аммо таъкид шудааст, ки намунаҳои нав "дар баробари пулҳои коғазии барориши солҳои 1999, 2010, 2017 ва 2018, ки дар муомилот мавҷуданд, баробар гардиш менамоянд".
Бар асоси тағйироте, ки дар аксҳои болои пулҳои коғазии намунаи нав дида мешавад, танҳо дар номинали 100-сомонӣ ба ҷойи бинои пештараи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки миёни мардум бо номи "Қасри президент" маъруф буд, бинои "Кохи Наврӯз" ҷой дода шудааст.
Бинои пешини Ҳукумати Тоҷикистон моҳи июли соли 2020 тахриб карда шуд ва ҳоло танҳо нимае аз бино ба унвони қароргоҳи роҳбарии ҳукумати шаҳри Душанбе боқӣ мондаасту халос.
Бонки миллии Тоҷикистон барои ҳамлу нақл, баҳисобгирӣ ва ташкил намудани шароит ҷиҳати ба муомилот баровардани пулҳои коғазии намуна ва барориши соли 2021 бо арзишҳои номиналии 10, 20, 50, 100, 200 ва 500 сомонӣ, тибқи тартиби муқарраршуда чораҳои зарурӣ меандешад.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста