Қурби расмии рубли Русия нисбат ба пули тоҷикӣ тайи рӯзҳои ахир ба андозаи қариб 1,8% поин рафт.
Мувофиқи қурби расмии аз ҷониби Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) муқарраршуда, 23 ноябр 1 ҳазор рубли русӣ 150,6 сомонӣ ва як рӯз пеш - 153,3 сомонӣ нарх дошт.
Тамоили беқурбшавии рубли русӣ нисбат ба сомонӣ муддати ду ҳафтаи ахир ба мушоҳида мерасад. Дар ин давра асъори Русия дар баробари арзи миллии Тоҷикистон 5,3% -аз 159,1 сомонӣ барои 1 ҳазор рубл беқурб шуд.
Қурби расмии сомонӣ нисбат ба доллари амрикоӣ дар ин давра тақрибан бетағйир боқӣ мемонад - 11,29 сомонӣ барои 1 доллар.
Қурби расмӣ - қурби миёнвазни ғайринақди мубодилаи асъор дар бозорҳои байнибонкӣ ва дохилибонкӣ мебошад.
Дар Русия қурби доллар боло меравад
Бино ба маълумоти ВАО-и Русия, аз 22 октябр то 22 ноябр қурби доллар аз 70 рубл то ба 73 рубл боло рафт.
“Сабаб - буҳрони муҳоҷират дар Беларус, инчунин маҳдудиятҳои нави марбут ба коронавирус дар Аврупо мебошанд, ки ба поинравии нархи нафт боис гардиданд”, - менависад нашрияи “Коммерсантъ”.
Тайи чор ҳафтаи ахир нархи нафт поин рафта, чанде пеш, рӯзи 22 ноябр бори нахуст аз 1 октябр то сатҳи 78 доллар кам шуд.
Қобили зикр аст, ки то 90%-и интиқоли пул ба Тоҷикистон бо рубли Русия сурат мегирад, ки тибқи иттилои манобеи мухталиф, беш аз 1 млн нафар шаҳрвандони ҷумҳурӣ дар ин кишвар кору зиндагӣ мекунанд.
Бо дастури махсуси Бонки миллии Тоҷикистон аз соли 2016 интиқоли маблағ бо рубл танҳо бо асъори миллӣ пас аз мубодилаи он бо назардошти қурб дар ҳамон рӯз дода мешавад.
Қабулкунандагони ин маблағҳо оилаҳои муҳоҷирони тоҷик мебошанд, ки бо беқурбшавии рубл нисбат ба сомонӣ, қисмате аз даромади худро аз даст медиҳанд.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро дар бораи масоили ҳалталаби ҷомеа ба Asia-Plus тариқи Viber, Telegram, Whatsapp, Imo бо рақами +992 93 792 42 45 фиристед.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, Viber, Яндекс.Дзен, OK ва Google Новости бо мо бимонед.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста