Дар соли 2021 мизони таваррум дар бахши истеъмолии Тоҷикистон 8%-ро ташкил дод, хабар медиҳад Бонки миллии Тоҷикистон.
Гуфта мешавад, ин нишондиҳанда ба андозаи 1,4 банди фоизӣ пасттар нисбат ба соли пешин аст.
“Раванди тағйирёбии сатҳи нархҳо асосан аз ҳисоби омилҳои дорои хусусияти таклифотӣ, мавсимӣ, фишорҳои берунӣ ба амал омад”, - таъкид мешавад дар “Шарҳи таваррум”-и БМТ.
Мувофиқи арзёбии Бонки миллӣ, таваррум дар сатҳи зикршуда ба болоравии нархҳо ба маҳсулоти ғайриозуқа ва маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ мусоидат намуд.
Дар Дурнамои сиёсати пулию қарзии Тоҷикистон мизони таваррум барои соли 2022 дар ҳудуди 6,0% (+2 б.ф.) пешбинӣ шудааст.
“Хавфҳои асосие, ки пайдоиши онҳо дар соли 2022 пешбинӣ мегардад, ин пешбурди сиёсати қатъии монетарӣ аз ҷониби Бонки марказии ИМА мебошад. Зеро дар мавриди баланд бардоштани меъёри фоизӣ аз ҷониби Бонки марказии ИМА эҳтимолияти афзоиш ёфтани фишорҳои қурбию таваррумӣ дар минтақа, бахусус дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, имконпазир мебошад”, - зикр мегардад дар санад.
Гуфта мешавад, аз ин лиҳоз дар соли 2022 омилҳое, ки бештар ба болоравии сатҳи таваррум дар дохили кишвар таъсир мерасонанд, асосан хусусияти ғайримонетарӣ дошта, аз ҳисоби таконҳои берунӣ – болоравии нархҳои ҷаҳонии молҳои хӯрокворӣ ва сӯзишворӣ ба вуҷуд меоянд, зеро дар бозорҳои ватанӣ ҳиссаи зиёди молу маҳсулот аз хориҷи кишвар ворид карда мешавад (дар сабади
истеъмолӣ молу маҳсулоти воридотӣ қариб 60,0 фоизро ташкил медиҳад).
“Илова бар ин, - омадааст дар Дурнамо. - Вазъи ноустувори сиёсӣ дар кишварҳои ҳамсоя ва минтақа метавонад ба суръати рушди иқтисодиёти кишвар таъсири манфӣ расонида, то андозае ба фишорҳои иловагии қурбию таваррумӣ замина гузорад”.
Ёдрас мекунем, ки дар соли пандемии 2020 дар Тоҷикистон сатҳи рекордии таваррум тайи 10 соли охир - 9,4% ба қайд гирифта шуд.

Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.





Доналд Трамп: “Мадуро ва ҳамсараш боздошт ва аз Венесуэла берун бурда шуданд”
Аз додрасҳо то соҳибкорону занон ва коргарони НБО Роғун. Эмомалӣ Раҳмон соли гузашта киро танқид ва киро таъриф кард?
Таркишҳо дар Каракас. Венесуэла Амрикоро ба таҷовузи низомӣ муттаҳам кард
Марги як шаҳрванди Ӯзбекистон дар Русия. Тошканд ба Маскав нота фиристод
Марги ду корманди БДА бар асари фаромадани тарма дар Варзоб
Аз баргузории озмуну фестивалҳо то таъмири муассисот. Тоҷикистон барои рушди фарҳангу санъат қариб 100 млн сомонӣ ҷудо кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 3 январи соли 2026
Барои рушди соҳаи энергетика дар 5 соли оянда $6,5 млрд лозим аст. Ҳукумати кишвар ин маблағро аз куҷо пайдо мекунад?
"Дов" оммавӣ шуд. Он аз пурҷоизатарин филми тоҷикӣ дониста мешавад
Озода Раҳмон ба модари Қобилҷон Алиев 300 ҳазор сомонӣ кӯмак кард
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста