Рӯзи 24 феврал, пас аз ҳамлаи низомии Русия ба Укроин қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон якбора поин рафта, 1000 рубли русӣ аз 141 сомонии ду рӯз пеш, имрӯз ба 128 сомонӣ расидааст.
Сокинони Тоҷикистон бо нашри аксҳои тоблуҳои қурби харид ва фурӯши асъор дар бонкҳои Тоҷикистон навиштаанд, ки дар чанде аз бонкҳо (Бонки “Эсхата” ва “Спитаменбонк”) рӯзи панҷшанбе 1000 рубли русӣ ба 128 сомонӣ баробар шудааст. Ин дар ҳолест, ки дар таблои Бонки “Эсхата” фурӯши рубли русӣ барои 1000 рубл 130 сомонӣ ва дар “Спитаменбонк” 140 сомонӣ нишон дода шудааст.

Сомонаи "Алиф бонк" ҳам қурби рубли русиро барои 24 феврали соли равон барои 1000 рубл 130 сомонӣ муқаррар кардааст. Барои фурӯш бошад 141 сомонӣ нишон додааст.
Поин рафтани қурби рубли русӣ дар бархе бонкҳои Тоҷикистон дар ҳолест, ки Бонки миллии Тоҷикистон дар сомонаи расмиаш қурби 1000 рубли русиро барои рӯзи 24 феврали соли 2022-юм 141 сомонӣ нишон додааст.
Дар оғози ҳафтаи равон қурби рубли русӣ дар кишвар ба 149 сомонӣ баробар буд. Дар давоми се рӯзи ахир қурби асъори Русия дар бозори арзи кишвар 21 сомонӣ коҳиш ёфтааст.
Паст шудани қурби рубли русӣ аҳолии Тоҷикистонро нигарон кардааст. Ин ба он вобаста аст, ки беш аз як миллион аҳолии Тоҷикистон дар Русия ба ҳайси муҳоҷир кор мекунанд ва бахши зиёди онҳо ҳаққи кори худро бо рубли русӣ ба кишвар мефиристанд
Интизор меравад, ки бо идома ёфтани таниш миёни Русия ва Укроин қурби рубли русӣ дар Тоҷикистон боз пасттар шавад.
Дар Telegram, Facebook, Instagram, OK ва ВК бо мо бимонед.
Лутфан, хабари муҳим, суол ва аксу видеоҳои ҷолибро ба Asia-Plus тавассути Viber, Telegram, Whatsapp, Imo ба рақами +992 93 792 42 45 фиристед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста