Дар Тоҷикистон нархҳо ба орд боз боло рафтанд. Имрӯз ях халта орди вазнаш 50-килои истеҳсоли ватанӣ 340-360 сомонӣ, истеҳсоли Қазоқистон - то 370 сомонӣ нарх дорад. Арзиши халтаҳои орди 10-килоӣ 75-80 сомонӣ ва 5-килоӣ - 38-40 сомониро ташкил медиҳад.
Бори дуюм аст, ки нархи орд тайи ду моҳи ахир боло меравад - моҳи март арзиши як халта орди 50-килоӣ аз 270-280 то ба 290-325 сомонӣ зиёд шуда, ба ин тариқ, дар зарфи 2 моҳ сатҳи болоравӣ тақрибан 20%-ро ташкил дод.
Қаблан истеҳсолкунандагони орд дар Тоҷикистон изҳор дошта буданд, ки дар болоравии нарх онҳо гунаҳкор нестанд, зеро гандуми воридотӣ аз Қазоқистон қимат шудааст.
Агар Хадамоти зиддиинҳисорӣ болоравии навбатии нархҳоро танҳо ба афзоиши нархи гандум дар Қазоқистон то 385 доллар марбут донад, истеҳсолкунандагони орд боз як қатор сабабҳои дигарро ҳам номбар мекунанд. Аз ҷумла - камшавии захираи гандум дар анборҳо, гароншавии гандум дар саросари дунё, мушкилии парвариши гандум дар худи Тоҷикистон бо сабаби нархҳои баланди маводи сӯзишворӣ ва нуриҳои минералӣ, таваррум ва зиёдшавии хароҷоти хидматрасонии нақлиёт.
Соли гузашта арзиши 1 тонна гандум аз Қазоқистон ба ҳисоби миёна 240 доллар ва моҳи январи соли 2022 - 285 доллар ташкил медод ва мутаносибан соли гузашта як халта орд дар Тоҷикистон ба ҳисоби миёна 240 сомонӣ, аввали соли ҷорӣ - 280 сомонӣ ва акнун аз 350 то 400 сомонӣ нарх дорад.
Бино ба маълумоти Вазорати кишоварзӣ, имсол дар зиёда аз 170 ҳазор гектар зироати ғалладона, асосан гундум кишт шудааст. Тибқи омори расмӣ, соли гузашта дар Тоҷикистон зиёда аз 1,5 млн тонна зироати ғалладона кишт шудааст, ки ҳудуди 1 млн тоннааш навъҳои гуногуни гандум мебошад. Ин нишондиҳанда тақрибан 50%-и талаботи аҳолии ҷумҳуриро қонеъ мекунад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста