Тоҷикистон ва Русия ҳамкориҳои мутақобиларо дар бахши энергетика баррасӣ карданд, хабар медиҳад сафорати Русия дар Тоҷикистон.
Муовини сарвазири Тоҷикистон Усмоналӣ Усмонзода ва вазири энергетикаи ҷумҳурӣ Далер Ҷумъа бо вазири энергетикаи Русия Николай Шулгин, ки дар Душанбе бо сафари корӣ қарор дорад, дидору гуфтушунид карданд.
“Дар вохӯриҳо ҳамкорӣ дар бахши электроэнергетика, аз ҷумла фаъолияти корхоаи муштараки ҶСК “НБО Сангтӯда-1” ва кори бидуни садамаи низоми электроэнергетикӣ дар Осиёи Марказӣ (ОМ) баррасӣ шуд”, - гуфта мешавад дар хабари сафорат.
Шулгинов аз ҳамтоҳои худ даъват намудааст, ки аз иштироки Русия дар Шӯрои ҳамоҳангсозии электроэнергетикии Осиёи Марказӣ ба сифати узви комилҳуқуқ дастгирӣ кунанд.
Дар дафтари матбуоти Вазорати энергетика ва захираҳои оби Тоҷикистон баргузор шудани вохӯриҳоро ба “Азия-Плюс” тасдиқ намуда, изҳор доштанд, ки “ояндаи наздик дар бораи ҷузъиёт ва масоили баррасишуда дар мулоқоти вазирон маълумот хоҳанд дод”.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста