Дар шаҳри Норак рӯзи 13 август Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлони Тоҷикистон ва вилояти Сурхондарёи Ӯзбекистон баргузор гардид.
Тавре ки дафтари матбуоти ҳукумати вилояти Хатлон хабар медиҳад, дар кори Форуми мазкур раиси вилояти Хатлон Қурбон Ҳакимзода, раиси вилояти Сурхондарё Тӯра Боболов ва соҳибкорони ҳарду вилоят иштирок доштанд.
Гуфта мешавад, дар Форуми рушди ҳамкориҳои вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё миёни мақомот ва соҳибкорони вилояти Хатлон ва вилояти Сурхондарё 23 созишномаи ҳамкорӣ, аз ҷумла Харитаи роҳ байни ду вилоят ба имзо расид.
Ҳамчунин байни вилоятҳо Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи сайёҳӣ, 15 шартнома барои сармоягузорӣ, 6 шартнома барои молу маҳсулот ба маблағи 26,6 млн доллар ба имзо расонида шуд, ки барои пешравии ду вилояти давлатҳо мусоидат мекунад.
Ҳайати Ӯзбекистон рӯзи 12 август ба вилояти Хатлон ташриф оварда, бо фаъолияти чанде аз корхонаҳои хурди саноатии ин минтақа аз наздик шинос ва аз гармхонаҳои муосир, ёдгориҳои таърихӣ ва заминҳои кишт боздид намуд.
Дар зарфи 6 моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми савдои дуҷониба байни кишварҳо зиёда аз 262 млн долларро ташкил дод, ки 32,4% камтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 мебошад. Ҳаҷми содирот аз Тоҷикистон 97 млн долларро ташкил дода, зиёда аз 165 млн доллар ба воридоти молу маҳсулот аз Ӯзбекистон рост меояд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста