Гардиши моли хориҷии Тоҷикистон давоми моҳҳои январ-августи соли равон ҳудуди 4,8 млрд долларро ташкил дод, ки 18,4% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Маблағи содироти молу маҳсулот аз Тоҷикистон наздики 1,5 млрд доллар ва воридоти он ҳудуди 3,3 млрд долларро ташкил дода, ба ин тариқ, касри тавозуни савдо қариб ба 1,8 млрд доллар баробар шуд.
Дар муқоиса бо моҳҳои январ-июли соли 2021 ҳаҷми содирот ба андозаи 6% ва воридот - 25,1% афзудааст.
Қисмати бештари маҳсулоти содиротии Тоҷикистон аз ашёи хоми гуногун иборат аст. Аз ҷумла, содироти маҳсулоти минералӣ (семент, неруи барқ, консентрат ва ғайра) 38,5%, сангу фулузот (металлҳо)-и қиматбаҳо ва нимқиматбаҳо - 27,8%, фулузоти нимқиматбаҳо (алюминий) ва маснуот аз он - 15,5%, маводи нассоҷӣ ва маснуот аз он - 13,1% аз ҳаҷми умумии содиротро ташкил медиҳанд.
Мавқеи асосиро дар воридот маҳсулоти минералӣ (маҳсулоти нафтӣ, гази моеъ, ангишт ва дигар маҳсулот) - 18,9% (аз ҳаҷми умумии воридот), мошин ва таҷҳизот - 12,9%, фулузоти арзон ва маснуот аз он - 10,6%, маҳсулоти саноати кимиё - 10,3%, маҳсулоти тайёри хӯрокворӣ - 8,7%, маҳсулоти растанӣ - 8,1% ва ғайра ташкил медиҳанд.
Дар моҳҳои январ-августи соли равон Тоҷикистон бо 101 кишвари саросари дунё муомилоти молӣ анҷом додааст.
Шарикони асосии тиҷоратии Тоҷикистон дар ин давра Русия (22,4% дар савдои хориҷии Тоҷикистон), Қазоқистон (19%) ва Чин (18%) боқӣ мондаанд.
Маҳсулоти Тоҷикистон дар ин давра асосан дар бозорҳои Қазоқистон (22% аз ҳаҷми умумии содирот), Чин (18%), Ӯзбекистон (9,1%) ва Афғонистон (5,2%) фурӯхта шудааст.
Молу маҳсулот ба Тоҷикистон асосан аз Русия (30,9% аз ҳаҷми умумии воридот), Чин (18,2%), Қазоқистон (17,6%) ва Ӯзбекистон (7,1%) оварда шудааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста