Завқӣ Завқизода, вазири рушди иқтисод ва савдои Тоҷикистон бо як ҳайати намояндагони баландпояи Корея сохтмони метро дар Душанберо баррасӣ намудааст. Дар ин бора сомонаи расмии Вазорати рушди иқтисод ва савдо хабар медиҳад.
Ба иттилои манбаъ, Завқӣ Завқизода дар давоми рӯзҳои 17-19-уми октябр бо Президенти Агентии Корея оид ба ҳамкории байналмилалӣ (KOICA) Cон Ҳюк-Санг, Президенти Агентии пешбурди савдою сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ (KOTRA) Ю Ҷонг Йол, Роҳбари кумитаи махсуси Ассамблеяи миллии Кореяи Ҷанубӣ Сух Бюнгсу, роҳбарияти Бонки содиротию воридотӣ (EXIMBANK), Вазорати савдо, саноат ва энергетика ва ширкати роҳи оҳани миллӣ, инчунин, корхонаҳои истеҳсоли мошинҳои электрикӣ, нассоҷӣ, панелҳои офтобӣ, истихроҷи маъдан, рақамикунонии иқтисодиёт, сохтмони IT Park, моҳипарварӣ, сайёҳӣ ва муҳоҷирати меҳнатӣ вохӯриҳо баргузор намудааст.
"Дар вохӯрӣ бо директори иҷроияи ширкати Роҳи оҳани миллии Кореяи Ҷанубӣ таъмини иҷрои муқаррароти Ёддошти тафоҳуми баимзорасида оид ба асосноккунии техникию иқтисодии сохтмони метро дар шаҳри Душанбе таъкид карда шуд", - омадааст дар хабар.
Ҳамзамон, дархост гардидааст, ки ҷиҳати иҷрои супориши Эмомалӣ Раҳмон, президенти Тоҷикистон, рӯзи оғози гузаронидани асосноккунии техникию иқтисодии ин лоиҳа аз ду соли пешнибинишуда то ба як сол кӯтоҳ карда шавад.
Зимни мулоқот ӯ зикр намудааст, ки муносибатҳо миёни Тоҷикистон ва Кореяи Ҷанубӣ мунтазам рушд ёфта, Тоҷикистон ба рӯйхати кишварҳои афзалиятнок барои сармоягузории Кореяи Ҷанубӣ дар 5 соли оянда дохил карда шуд.
Аммо зимни вохӯрӣ ҷонибҳо гуфтаанд, имконияти тиҷоратию сармоягузории ҳарду кишвар пурра истифода нашудаанд.
"Бинобар ин дархост гардид, ки барои ба маротиб зиёд намудани гардиши савдои дуҷониба ва ҷалби сармояву технологияи Кореяи Ҷанубӣ иҷрои пурраи ёддошти тафоҳуми ба наздикӣ баимзорасида таъмин карда шавад", - менависад манбаъ.
Ҳамин тавр, дархост шудааст, ки дар вазъи мураккаби глобалии иқтисодию молиявии имрӯза маблағгузориҳои лоиҳаҳои Тоҷикистонро ба таври назаррас зиёд карда, ба татбиқи лоиҳаҳо дар самтҳои афзалиятноки иқтисоди миллӣ, ба монанди саноат, энергетика, нақлиёт, тандурустӣ, кишоварзӣ, иқтисоди рақамӣ, тағйирёбии иқлим, сайёҳӣ, муҳоҷирати меҳнатӣ ва омода намудани мутахассисони кишвар дар донишгоҳҳои Кореяи Ҷанубӣ мусоидат намоянд.
Ҳамзамон, даъват ба амал оварда шуд, ки барои муаррифии имконияти мавҷудаи кишвар ба ширкатҳои кореягӣ, ҷалби ширкатҳои кореягӣ оид ба таъсиси корхонаҳои саноатӣ, ифтитоҳи намояндагии доимии ташкилоти KOTRA дар Тоҷикистон ва маблағгузории лоиҳаҳои пешниҳодгардида кӯмак намоянд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста