Аз рӯи натиҷаҳои форум (ҳамоиш)-и тиҷоратии намояндагони Тоҷикистону Беларус, ки рӯзҳои 11-12 октябр дар Душанбе доир гардид, ба маблағи ҳудуди 50 млн доллар қарордодҳо ба имзо расиданд.
“Қариб ҳамаи соҳаҳои иқтисод, аз ҷумла мошинсозӣ, металлургия, маҳсулоти хӯрокворӣ, коркарди чӯб, саноати сабук баррасӣ шуданд. Барои бархе ин аввалин вохӯрӣ бо шарикон аст. Ҷустуҷӯи шарикон, ки ҳоло мо роҳандозӣ кардаем, ба фикрам, дар оянда натиҷаи хуб хоҳад дод”, - иброз доштааст зимни кори форум раиси Палатаи савдо ва саноати Беларус Михаил Мятликов.
Дар кори ҳамоиш намояндагони зиёда аз 70 корхонаҳои Беларус иштирок доштанд ва нисфи онҳо дар намоишгоҳи Made in Belarus маҳсулоти худро муаррифӣ намуданд. Мо талош варзидем бифаҳмем, ки тоҷирони Беларус ҷиҳати маблағгузорӣ бештар ба кадом соҳаҳои Тоҷикистон таваҷҷуҳ доранд.
Коркарди ашёи хоми пӯст
Ҷониби Беларус ба Тоҷикистон мутахассисони худро мефиристад, то ки имконоти таъсиси истеҳсолоти муштаракро дар ин соҳа омӯзанд, иттилоъ медиҳад хабаргузории Белта.
Роҳбари корхонаи “Белегпром” Татяна Лугина изҳор доштааст, ки дар Тоҷикистон ҳаҷми зиёди ашёи хоми пӯст - 1,5 ҳазор сар чорвои калони шохдор ҳаст, ки пӯсти онҳоро метавон ба сифати мавод истифода кард ва коркарди амиқи онро ба роҳ монд, зеро ҳозир пас аз аз коркарди минималӣ Тоҷикистон онро ба Чин мефиристад.
Коркарди пахта
Тавре ки “Белта” хабар медиҳад, дар “Беллегпром” ҳамчунин сармоягузорӣ ба корхонаҳои коркарди пахта дар Тоҷикистонро мувофиқи мақсад медонанд.
Беларус бо Тоҷикистон дар ин самт ҳамкорӣ дошта, пахта ва ришта мехарад. Соли равон ба маблағи 5 млн доллар пахта харида шудааст.
Татяна Лугина таъкид доштааст, ки онҳо дар самти ҳамгироии амиқ дар тиҷорати коркарди пахта, ришта ва дигар маснуот ҳавасманд буда, иштироки Беларус дар ин соҳа фоидаовар хоҳад буд.
Ҳамчунин хотиррасон шудааст, ки айни замон маҳсулоти нассоҷии Беларус - матои истеҳсоли корхонаи “Моготекс” ба бозори Тоҷикистон интиқол меёбад ва барои соли 2023 низ дар ин бора қарордод ба имзо расидааст.
“Ҳамчунин мо созиш ҳосил кардем, ки мутахассисони тоҷики ин соҳа дар “Моготекс” аз давраҳои такмили ихтисос гузаронида мешаванд ва моҳи ноябр ба Беларус меоянд”, - илова кардааст вай.
Таъмин бо техникаи аграрӣ
Ширкати “Агротехсервис” ба Тоҷикистон як қатор модели тракторҳои тамғаи “Беларусь»-и Корхонаи истеҳсоли тракторҳои Минск, аз ҷумла тракторҳои хурдҳаҷм барои кор дар боғу майдонҳои хоҷагиҳои деҳқонии хурд интиқол медиҳад.
Корхона дар як муддати кӯтоҳ шарики истеҳсолкунандагони техникаи кишоварзӣ ва намояндаи фурӯш (дилер)-и ҶСК «МТЗ» - тракторҳои «Беларусь», ҶСК «Гомсельмаш» - комбайнҳои ғаллағундорӣ, ҶСК «Бобруйскагромаш» - мошинсозӣ гардид.
Сармоягузорӣ ба ин соҳаҳо идома меёбад.






Закот ба кӣ фарз аст, онро бояд ба киҳо дод ва кӣ аз ин садақаи ҳатмӣ озод аст? Муҳимтарин нукот дар бораи закот
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 9 марти соли 2026
Муҷтабо Хоманаӣ – писари Алии Хоманаӣ роҳбари нави Эрон интихоб шудааст
Ҳамла ба анборҳои нафту полоишгоҳҳо. Охирин хабарҳо аз Эрону Исроил ва дигар кишварҳои Ховари Миёна
“Азия-Плюс” занону духтарони Душанберо ба Рӯзи модар табрик кард. Иқдоми “Модарони Душанбе” чӣ гуна гузашт?
Рӯзи модар муборак, бонувони азиз!
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 8 марти соли 2026
Масъуди Пизишкиён гуфт, Эрон бо кадом шарт ба кишварҳои ҳамсояаш ҳамла намекунад. Рӯзи ҳаштуми ҷанг дар Эрон ва вазъ дар Ховари Миёна
"Азия-Плюс" ба зиндони занонаи Норак беш аз 500 китоб тақдим кард ва бо шароити маҳбусон шинос шуд
Ҷасади Таҳминаи 21-соларо баъди як моҳи бедаракшавӣ дар наздикии марз бо Ӯзбекистон аз дарё пайдо карданд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста