ҶСК НБО “Роғун” барои тезонидани корҳои бунёдӣ мутахассисон ва шаҳрвадонро аз вилояти Суғд ба кор даъват менамояд. Масъулини ин нерӯгоҳи бузурги барқи обӣ ба корҷӯёни суғдӣ ваъда карданд, ки аз 2,5 то 6 ҳазор сомонӣ маош пардохт намуда, бо ҷойи хоб, хӯрок ва либос таъмин мекунанд.
Дар ин бора Сайдулло Абдуаҳадзода, сардори Раёсати кадрҳои ҶСК НБО “Роғун” зимни баргузории ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ дар шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода, таъкид намуд, ки бо сабаби тезонидани кор дар ин иншооти бузург тасмим гирифтаанд, ки нафарони корҷӯй ва мутахассисонро ба кор ҷалб намоянд.
“Айни замон дар НБО “Роғун” 12 ҳазор нафар кор мекунанд. Аз сабаби зиёд шудани ҳаҷми корҳои сохтмонӣ бо супориши роҳбари давлат бояд теъдоди кормандон то соли 2023 ба 20 ҳазор нафар расонида шавад. Имрӯз НБО “Роғун” ба ихтисосҳои ронанда, гидротехник, энергетик ва ба дигар мутахассисони сохтмон ниёз дорад”, - гуфт Сайдулло Абдуаҳадзода.
Ӯ ҳамчунин, зикр намуд, ки айни ҳол аз вилояти Суғд дар НБО “Роғун” 300 нафар кор мекунанд ва дар ин ярмарка зиёда аз 2,5 ҳазор ҷойҳои корӣ ба корҷӯён пешниҳод карда шуд.

Тавре ки қайд гардид, чунин ярмаркаҳо дар дигар минтақаҳои кишвар низ гузаронида мешавад. То имрӯз дар шаҳри Душанбе ду маротиба ярмарка доир гашта, 2 ҳазор нафар ба кор қабул карда шудаанд.

Тибқи иттилои Раёсати Агентии меҳант ва шуғли аҳолии вилояти Суғд давоми 11 моҳи соли равон дар ҳудуди вилоят 280 маротиба ярмаркаи ҷойҳои кории холӣ ва вазифаҳои озод баргузор гардида, дар он 5200 нафар шаҳрвадон ба кор ҷалб гардидаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста