Тоҷикистон дар моҳи ноябри соли 2022 ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 2,1 млн доллар барқ содир намуд, ки 0,8% зиёдтар нисбат ба ҳаҷми моҳи пешин мебошад, хабар медиҳад Агентии омори ҷумҳурӣ.
Дар зарфи 11 моҳи соли ҷорӣ интиқоли барқ аз Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 103 млн доллар сурат гирифтааст, ки 10,2% бештар дар муқоиса бо моҳҳои январ-ноябри соли 2021 (ҳудуди 93,6 млн доллар) аст.
Дар моҳҳои январ-ноябри соли 2022 ҳиссаи барқ дар ҳаҷми умумии содироти ҷумҳурӣ 5,2%-ро ташкил додааст.
Ёдрас мекунем, ки мутобиқи қарордодҳои имзошуда, неруи барқи Тоҷикистон ба Афғонистон ва дар давраи баҳору тобистон (моҳҳои май-август) - ба Ӯзбекистон интиқол меёбад.
Тибқи қарордод бо ширкати Da Afghanistan Breshna Sherkat (DABS)-и Афғонистон барои соли 2022, дар мавсими тобистон ба истеъмолгарони ин кишвар шабонарӯзӣ то 400 МВт барқ интиқол ёфта, дар мавсими тирамоҳу зимистон (сентябр-апрел) ҳаҷми он 10 баробар - то 40 МВт кам карда мешавад.
Мувофиқи қарордҳои имзошуда, соли 2022 Тоҷикистон ба Афғонистон 1,5 млрд кВт/соат барқ интиқол медиҳад. Барои ҳар 1 киловатт/соат Афғонистон 4,67 сент маблағ пардохт мекунад.
Аввали моҳи августи соли ҷорӣ раиси ширкати “Барқи тоҷик” Маҳмадумар Асозода ба рӯзноманигорон иттилоъ дод, ки DABS аз истифодаи барқ 28 млн доллар ба ширкат қарздор аст. Сабаби пайдо шудани қарзро ӯ бо мушкили интиқоли пул аз суратҳисобҳои DABS дар бонкҳои Афғонистон шарҳ дод.
Мувофиқи маълумоти оморӣ, давоми мооҳои январ-ноябри соли равон дар Тоҷикистон зиёда аз 19,2 млрд киловатт-соат неруи барқ истеҳсол шудааст, ки 2,6% зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2021 аст.
Ҳудуди 93,8%-и барқ аз ҳаҷми умумӣ дар неругоҳҳои барқи обӣ, зиёда аз 6,2% - дар марказҳои барқу гармидиҳӣ ва 0,001% (300 кВт/соат) - дар неругоҳҳои офтобӣ истеҳсол шудааст.
Дар ҳамин ҳол, аз моҳи октябр сокинони баъзе аз минтақаҳои Тоҷикистон аз интиқоли маҳдуди нерӯи барқ шикоят доранд.
Ширкати “Барқи тоҷик” дар изҳороти хеш миёнаи моҳи ноябри соли ҷорӣ сабаби маҳдудият дар интиқоли нерӯи барқро камобӣ дар сарчашмаҳои захираҳои обии кишвар ва корҳои тармиму – профилактикӣ унвон карда буд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста