Дар асоси қарори ҳукумати Тоҷикистон номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД)-и “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” иваз карда шуда, Шӯрои нозирони бонк таъсис ва ҳайати шӯрои нозирони он тасдиқ гардидааст.
Дар ин бора Хадамоти матбуотии президенти Тоҷикистон бо ишора ба ҷаласаи ҳукумати Тоҷикистон, ки имрӯз, 28-уми феварал баргузор гардид, хабар додааст.
Манбаъ менависад, ки лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо ҷорӣ намудани асосҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ташкили шӯроҳои нозирон дар онҳо барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ғайра таҳия гардидааст.
“Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бевоситаи худро дар раддабандии байналмилалии Тоҷикистон расонида, на танҳо вазъи ҷории молиявӣ, миқдори сармоя ва маблағи қарзӣ, балки фаъолияти ояндаи молиявии ташкилоти қарзиро фарогир мебошад”, - зикр шудааст дар ҷаласаи ҳукумати кишвар.
Ба таври содда, ин тағйирот шароитро барои назорат аз болои фаъолияти молиявию хочагидории бонк беҳтар намуда, шаффофияти онро таъмин мекунад.
Ёдовар мешавем, ки солҳост, баҳси таҷдиди сохтор ва хусусигардонии ягона бонки давлатии Тоҷикистон БДА ҶТ “Амонатбонк” идома дорад.
Қаблан, дар охири соли 2021 ниҳодҳои молии байналмилалӣ ба ҳукумати Тоҷикистон пешниҳод карда буданд, ки дар заминаи “Амонатбонк” як ҷамъияти саҳҳомӣ таъсис дода шуда, пас аз ин саҳмияҳои назоратӣ ба бахши хусусӣ вогузор карда шавад.
Сироҷиддин Икромӣ, раиси БДА ҶТ “Амонатбонк” дар авоили соли гузашта дар шарҳи ин пешниҳод ба “Азия-Плюс” зикр карда буд, ки таҷдиди сохтор бо хусусигардонии минбаъдаи ин бонки тиҷоратӣ аз иродаи ҳукумати Тоҷикистон бастагӣ дорад.
БДА ҶТ “Амонатбонк” соли 1998 мақоми давлатиро гирифт ва бонки амонатгузории давлатӣ дар Тоҷикистон ба ҳисоб мерафт. Ин бонк пас аз муфлис шудани “Тоҷиксодиротбонк” ва “Агроинвестбонк” яке аз калонтарин бонкҳои низомсози Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.
Дар пайи заминларза дар Тоҷикистон як кӯдаки 3-сола ҷон бохта, 29 хона ва як мактаб зарар дидааст
Ҷазои сангин. Барои истифодаи ғайриқонунии барқ ва сарпечӣ аз пардохти пули он кӣ ва чӣ гуна муҷозот мешавад?
Чӣ бояд кард, агар телефонатонро дузданд ва ё он гум шуд?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 13 апрели соли 2025
Киҳо муовини Рустами Эмомалӣ интихоб шуданд?
Баррасии тақвияти ҳифзи сарҳади Тоҷикистон бо Афғонистон дар мулоқоти Эмомалӣ Раҳмон бо Имомгалӣ Тасмагамбетов
Фоида аз саҳмияҳои НБО “Роғун”. Қарори Эмомалӣ Раҳмон дар бораи тақсими даромади ин нерӯгоҳ ба саҳмдорон
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста