Рӯзҳои 28-29 март дар Лондон бо иштироки намояндагони Тоҷикистон ва Шоҳигарии Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ форуми сармоягузорӣ баргузор шуд.
Тавре ки Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар ин чорабинӣ намояндагони бахши хусусӣ ва роҳбарони як қатор вазорату идораҳои кишвар ва аз ҷониби Британия намояндагони зиёда аз 80 ширкати бонуфуз иштирок карданд.
Дар доираи кори форум Намоишгоҳи Тоҷикистон ташкил шуда, дар он молу маҳсулоти соҳаҳои саноат, истихроҷи маъданҳои кӯҳӣ, бахши кишоварзӣ, сайёҳӣ ва хизматрасонии бонкии ҷумҳурӣ муаррифӣ гардид.
“Ҳадаф аз баргузории чорабинӣ густариши ҳамкории тиҷоратӣ ва сармоягузорӣ байни Тоҷикистону Британияи Кабир, ҷалби сармоя ба соҳаҳои гуногун, инчунин муаррифии имконоти сармоягузорӣ ва содиротии кишвар мебошад”, - зикр мешавад дар хабари Палатаи савдо ва саноати ҷумҳурӣ.
Қаблан зикр гардида буд, ки дар доираи кори форум вохӯриҳои дуҷонибаи соҳибкорон ва намояндагони бахшҳои давлатӣ ва хусусии ҳар ду кишвар баргузор шуда, имзои қарордодҳои ҳамкорӣ дар назар аст.
Бино ба маълумоти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ, сармоягузорони бритониёӣ ба иқтисоди Тоҷикистон 714,6 млн доллар маблағгузорӣ кардаанд. Британияи Кабир пас аз Чину Русия ва ИМА ба чоргонаи асосии сармоягузорони Тоҷикистон дохил мешавад.
Тибқи маълумоти Агентии омор, ҳаҷми гардиши молу маҳсулот байни Тоҷикистон ва Британияи Кабир дар соли 2022 ҳудуди 6,2 млн долларро ташкил додааст, ки 28,4% зиёдтар нисбат ба соли 2021 аст.
Ҳушдор ва дархости ду ниҳод. Дар Тоҷикистон то 14-уми апрел хатари фаромадани тарма ва омадани сел боқӣ мемонад
Огоҳ бошед! Чӣ гуна метавон корманди ҳақиқии милитсияро аз фиребгару қаллоб фарқ кард?
Дастаи наврасони Тоҷикистон оид ба футбал ба Ҷоми ҷаҳон роҳхат гирифт
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 12 апрели соли 2025
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста