Ҳукумати Тоҷикистон “Барномаи рушди минтақаҳои сайёҳии “Роғун” барои солҳои 2024 – 2028”-ро қабул кардааст, ки барои иҷрои он ҳудуди 18 млн. сомонӣ (1,7 млн. доллар) лозим аст.
Таҳиякунандагони Барнома зикр мекунанд, ки Роғун шаҳри рушдёбандаи саноатӣ ва сайёҳӣ буда, баъди пурра ба кор андохтани НБО “Роғун” “имкониятҳои васеътари рушди сайёҳӣ фароҳам хоҳад шуд”.
“Аз нуктаи назари ҷуғрофӣ дар ҳудуди шаҳри Роғун 41 қуллаи зебои кӯҳӣ, 150 чашмаи табиӣ, 11 дарёи тоза ва 4 кӯли ширин мавҷуд аст”, - омадааст дар Барнома.
Ҳамчунин, зикр мегардад, ки дар ҳудуди шаҳри Роғун беш аз 30 макони ҷолиби сайёҳӣ, аз ҷумла обанбори Неругоҳи барқи обии “Роғун” мавҷуд аст.
Айни замон дар ин шахр ду боғи фарҳангӣ – фароғатӣ, осорхонаи муосир, шаш осоишгоҳ ва ғайра мавҷуд аст.

Барои татбиқи Барнома аз ҳисоби манбаъҳои зерин маблағ сарф карда мешавад:
- буҷети ҷумҳуриявӣ - 795 ҳазор сомонӣ;
- буҷети маҳаллӣ - зиёда аз 1,8 млн. сомонӣ;
- шарикии давлат ва бахши хусусӣ, инчунин дигар манбаъҳое, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон манъ накардааст - ҳудуди 15 миллион сомонӣ.
Ёдовар мешавем, ки 31 августи соли 2022 Ҳукумати Тоҷикистон дар бораи таъсиси минтақаи сайёҳии “Роғун” қарор қабул кард.
Тибқи ин қарор, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун дар якҷоягӣ бо Кумитаи рушди сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар идораҳои дахлдор вазифадор шуданд, ки то аввали соли 2023 Барномаи рушди минтақаи сайёҳии “Роғун”-ро таҳия намоянд.
Беш аз 1 ҳазору 500 нафар дар зиндон. Акнун барои гузоштани “лайк” касе зиндонӣ намешавад?
Дар Тоҷикистон аз нӯшокиҳои нерубахш низ андоз мегиранд
“Лимит”-и барқ пурра бардошта шуд. Аҳолӣ 7 моҳи маҳдудияти бебарқиро чӣ гуна паси сар карданд?
Рустами Эмомалӣ дубора раиси Маҷлиси миллӣ интихоб шуд
Ҳаёти марде, ки ба ҳар тавсиф меарзад
Вазорати дифоъ: “Нақшаи даъват ба артиш беш аз 80 дарсад иҷро шуд”
Дар Душанбе нимпайкараи Одина Ҳошим, фалаксарои машҳур қомат афрохт
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 2
“Танҳо шабона”. Аз “Барқи тоҷик” гуфтанд, маҳдудияти интиқоли барқ бекор шудааст
Яке аз куҳантарин рӯзноманигорони Тоҷикистон Олег Соболев даргузашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста