Ба корхонае, ки шаҳри Душанберо бо маҳсулоти хӯрокворӣ таъмин мекунад, имтиёзҳо дода шуд. Ин корхона аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоиз ва боҷҳои гумрукӣ озод мегардад. Ҳадафи додани имтиёзҳо танзими нархи молу маҳсулот дар бозор ва дар сатҳи зарурӣ таъмин намудани захираҳои зарурии маҳсулоти асосии озуқа унвон мешавад.
Палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон ба қонун «Оид ба ворид намудани илова ба Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2023» тағйирот ворид намуд, ки мувофиқи он, КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоиз ва боҷҳои гумрукӣ - пурра озод карда мешавад.
Муовини вазири молия Сарвар Қурбониён ба вакилони парлумон хабар дод, ки тағйирот тибқи муроҷиати Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва дар асоси хулосаи Гурӯҳи кории доимоамалкунандаи коршиносон оид ба такмили фишангҳои тарифию ғайритарифии савдои хориҷии назди Вазорати рушди иқтисод ва савдо таҳия гардидааст.
Мутобиқи қонун “Дар бораи Буҷети давлатӣ барои соли 2023”, воридоти маҳсулот аз ҷониби ин корхона, ки номгӯи он бо қарори ҳукумати ҶТ тасдиқ мегардад (биринҷ, орд, шакар, равған, гандум ва ғайра), аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ба андозаи 50 фоиз ва боҷи гумрукӣ озод мегардад.
Дар доираи Созишномаи савдои озод бо кишварҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил воридоти гандуми истеъмолӣ, орд, равғани растанӣ, биринҷ ва шакар, ки асосан дар ин кишварҳо истеҳсол ва ба ҷумҳурӣ ворид мегардад, аз пардохти андоз аз арзиши иловашуда ва боҷи гумрукӣ озод шуда, зимни воридоти онҳо аз давлатҳои берун аз минтақаи савдои озод бо назардошти дар қонунгузории амалкунанда пешбинӣ нагардидани озодкунӣ нисбат ба боҷи гумрукӣ имтиёз татбиқ намегардад.
Бинобар ин, тибқи лоиҳаи қонун ба қисми 4 моддаи 15 Қонуни ҶТ «Дар бораи Буҷети давлатии ҶТ барои соли 2023» илова пешбинӣ гардида, дар доираи он молу маҳсулоти ниёзи аввалия, ки аз ҷониби КВД «Оид ба истеҳсол, харид, захира ва фурӯши маҳсулоти ниёзи аввалия дар шаҳри Душанбе» ворид мешавад, аз ин пардохтҳо озод мегардад.
“Бо ворид гардидани тағйироти зикршуда ба қонун имкон пайдо мегардад, ки нархи молу маҳсулот дар бозор танзим, захираҳои зарурии маҳсулоти асосии озуқа ва ҳаҷми воридоти орд, равғани растанӣ, шакар ва дигар маҳсулоти ниёзи аввалия дар сатҳи зарурӣ таъмин гардад”, - шарҳ дод Қурбониён.
Вакили парлумон Азиз Гиёзода изҳор дошт, ки мақсади ворид намудани тағйироту иловаҳо беҳтар намудани вазъи таъминоти бозори истеъмолӣ ва муътадил нигоҳ доштани нархҳо дар бозорҳои шаҳри Душанбе мебошад.
Ба ақидаи ӯ, пешниҳод гардидани имтиёзи андоз ва боҷи гумрукӣ барои фаровонӣ ва дастрасии маҳсулоти озуқаворӣ дар бозорҳои дохилӣ шароит фароҳам оварда, барои таъмини амнияти озуқавории кишвар мусоидат менамояд.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста