“Тоҷик Эйр” - ягона ширкати ҳавопаймоии давлатии Тоҷикистон ду моҳ баъд ба парвозҳо шурӯъ мекунад. Аммо санаи дақиқи оғози парвозҳо мушаххас нест.
Дар ин бора Парвиз Шодмонзода, директори генералии ин ширкат дар нишасти хабарии имрӯз, 28-уми июл, хабар дод.
Ба гуфтаи Шодмонзода, ҳоло масъалаи қарзи ширкат ҳал мешавад, аммо “он ба ҳеҷ ваҷҳ ба азсаргирии кор таъсир намерасонанд”.
Бояд зикр кард, ки дар нишасти матбуотии қаблӣ, яъне шаш моҳ пеш низ Парвиз Шодмонзода гуфта буд, ки пас аз чанд моҳ парвозҳоро оғоз мекунанд. Бо гузашти ним сол, раиси “Тоҷик Эйр” бори дигар мегӯяд, ки моҳҳои август – сентябр парвозҳо оғоз мешаванд.
Шаш моҳ пеш роҳбари “Тоҷик Эйр” ба хабарнигорон гуфта буд, ки ду ҳавопаймои “Эйрбас” ба иҷора гирифта, мунтазири азсаргирии парвозҳо мебошанд.
Гуфтан ба маврид аст, ки “Тоҷик Эйр” ягона ширкати давлатии Тоҷикистон буда, чанд сол аст ба мушкили молӣ гирифтор аст. Дар ин давра, чанд роҳбари ин ширкат иваз шудаву баъзеи онҳо ба ҷавобгарӣ низ кашида шуданд.
Дар бораи таърихи муфлисшавии ширкати “Тоҷик Эйр” аз матлаби “Ширкатҳои ҳавопаймоӣ аз пардохти андоз озод шуданд. “Tajik Air” аз варта раҳо мешавад?” муфассал маълумот пайдо кунед.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста