Вазири саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон Шералӣ Кабир зимни нишасти матбуотии рӯзи 7 август изҳор дошт, ки моҳи майи соли 2023 дар Тоҷикистон корхонаи “Сипар гурӯҳ” мавриди истифода қарор гирифт, ки ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ машғул аст.
Шералӣ Кабир зикр кард, ки техникаи зиреҳпӯши дар Тоҷикистон истеҳсолшуда аз ин гуна мошинҳое, ки имрӯз дар Ӯзбекистону Қазоқистон истеҳсол карда мешаванд, ҳеҷ камие надорад.
Зикр шуд, ки айни замон дар Вазорати саноат шуъбаи махсус оид ба рушди саноати мудофиа амал мекунад.
Ба гуфтаи вазири саноат, техника ва мошинҳои зиреҳпӯш дар Тоҷикистон аз рӯи технологияҳои Канада истеҳсол карда мешаванд.
Яке аз бартариҳои техникаи зиреҳпӯши Тоҷикистон дар он аст, ки барои чархҳои онҳо металли босифат аз захираҳои маҳаллӣ истифода мешавад.
Қобили зикр аст, ки қаблан бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Турсунзода корхонаи “Сипар гурӯҳ” ба истифода дода шуд, ки самти фаъолияти асосии он ба ҷамъу васлсозии мошинҳои махсуси ҳарбӣ ва гражданӣ равона гардидааст.
Дар ин корхона, ки дар ҳамкорӣ бо шарикони рушд таъсис ёфтааст, дар марҳилаи аввал бо ворид намудани қисмҳои алоҳида аз хориҷи мамлакат ҷамъу васли 17 намуд нақлиёти махсус ба роҳ монда шудааст ва оянда ин нишондод афзоиш дода мешавад.
Иқтидори солонаи корхонаи нави саноатӣ ҷамъу васли 120 нақлиёт мебошад ва оянда бо назардошти талабот ин рақам афзоиш хоҳад ёфт.
Мошинҳои омодашаванда дар ин корхона барои таъмини ҷузъу томҳои Қувваҳои мусаллаҳи Тоҷикистон нигаронида шудаанд. Ҳамчунин оянда содироти он ба кишварҳои хориҷ дар назар аст.
Лекин дар бораи чӣ миқдор истеҳсол шудан то ин дам ва ба Қувваҳои мусаллаҳи ҷумҳурӣ равона гардидани онҳо вазир маълумот надод.
Тирамоҳи соли 2022 хабар дода шуда буд, ки Тоҷикистон баҳри таъмини амнияти худ истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишини Ababil-2-ро ба роҳ монд.
Дар ин робита Шералӣ Кабир изҳор намуд, ки ин лоиҳаи Вазорати саноат нест, лекин дар оянда метавон истеҳсоли ҳавопаймоҳои бесарнишинро бо ҳадафҳои истифодаи он дар ҳаёти осоишта роҳандозӣ кард.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста