Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе раванди тамдиди муҳлати барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк”, яке аз чаҳор бонки мушкилдори Тоҷикистонро дубора аз сар гирифтааст. Мурофиаи нахустин дирӯз, 29-уми август дар додгоҳи иқтисодии пойтахт баргузор шуд, вале бенатиҷа анҷом ёфт. Дар ин бора аз Бонки миллии Тоҷикистон ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.

Манбаъ гуфт, додгоҳ ҳоло муҳлати барҳамдиҳии дубораи бонкро тамдид накардааст ва то рӯзи 5-уми сентябр танаффус эълон кард.

Бонки миллӣ ва Вазорати молия ба сифати ду қарздиҳандаи “Тоҷпромбонк” барои барқарор намудани ҷараёни барҳамдиҳии ташкилоти мазкур ба мақомоти судӣ муроҷиат карда буданд.

 “Амонатгузоронро ба мурофиа роҳ надоданд, танҳо намояндагони Бонки миллӣ ва Вазорати молия дар мурофиа ширкат карданд. Онҳо пас аз 20 дақиқа баромада, кӯтоҳ гуфтанд, ки суди навбатӣ рӯзи 5-уми сентябр баргузор мешавад ва натиҷа он вақт эълон мегардад”, - гуфт яке аз қарздорони бонк, ки барои ширкат дар мурофиа рафта буд, вале роҳ наёфт.

Ҳоло “Тоҷпромбонк” аз Вазорати молия 76 млн сомонӣ ва аз Бонки миллӣ 26 млн сомонӣ қарздор аст. Инчунин, 26 млн 600 ҳазор сомонӣ уҳдадориҳои “Тоҷпромбонк” аз амонатгузорон боқӣ мондааст.

Рӯзи 7-уми август Рустам Мирзозода, раиси Додгоҳи олии иқтисодии Тоҷикистон дар нишасти матбуотӣ гуфта буд, ки “дар асоси таъиноти Суди иқтисодии шаҳри Душанбе, баррасии парвандаи муфлисшавии “Тоҷпромбонк” аз 1-уми августи соли 2023 қатъ карда шудааст. Яъне, муҳлат тамдид карда нашудааст”.

Дар ҳамин ҳол, Фирӯз Шарипов, мудири махсус ва барҳамдиҳандаи “Тоҷпромбонк” аз Бонки миллии Тоҷикистон дар суҳбат бо “Азия-Плюс” гуфта буд, ки  169 нафар то ҳол 26,6 млн сомонӣ маблағи худро гирифта натавонистаанд.

Дар робита ба ин, Фирдавс Толибзода, муовини якуми раиси Бонки миллӣ, ахиран дар нишасти хабарӣ гуфта буд, ки “Тоҷпромбонк” бояд уҳдадориҳои боқимондаашро дар назди қарздиҳандагон иҷро кунад.

Ба гуфтаи Толибзода, ташкилоти мазкур дороиҳоеро дар ихтиёр дорад, ки аз ҳисоби онҳо бояд маблағи саҳмгузоронро баргардонад.

Бо мо муяассар нашуд, ки дар робита ба оғози раванди дубораи барҳамдиҳии “Тоҷпромбонк” назари Фирӯз Шариповро пурсем. Ӯ ба зангҳои пайвастаи мо посух надод.

Парвандаи муфлисшавии бонк ҳудуди 7 сол баррасӣ гардид (3-юми марти соли 2017 оғоз шуда буд) ва дар ин муддат 5 ҳазору 726 нафар беш аз 148 млн сомонӣ маблағи амонати худро аз бонк бозпас гирифта натавонистанд.

Раванди муфлисшавии “Тоҷпромбонк” моҳи марти соли 2017 бо қарори Додгоҳи иқтисодии шаҳри Душанбе оғоз гардида буд. Қарори бозхонди иҷозатномаи бонк рӯзи 24-уми феврали соли 2017 аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон содир гардид.

Амволи бонк дар маҷмӯъ 450 млн. сомонӣ ва ҳаҷми умумии уҳдадориҳои он наздики 550 млн. сомонӣ арзёбӣ мешуд.

Додгоҳи ноҳияи Синои шаҳри Душанбе раиси пешини “Тоҷпромбонк” Ҷамшед Зиёевро бо чаҳор банди Кодекси ҷиноятӣ гунаҳкор дониста, ӯро ба 8,5 соли зиндон маҳкум кард.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.