Қитъаи роҳи мошингарди Қизилқалъа - Бохтар, ки яке аз қитъаҳои калидии шоҳроҳи байниминтақавии Душанбе - Бохтар ба шумор меравад, охири ҳафтаи гузашта ба истифода дода шуд.
Тавре ки маркази матбуоти Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ хабар медиҳад, дар маросими ифтитоҳи он вазири нақлиёти Тоҷикистон Азим Иброҳим, раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид, президенти Агентии ҳамкориҳои байналмилалии Япония (JICA) Акихико Танака ва Сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Тошихиро Аики иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар Вазорати нақлиёти ҷумҳурӣ зикр мекунанд, ки корҳои сохтмонии лоиҳаи таҷдиди қитъаи Қизилқалъа-Бохтар дар роҳи автомобилгарди “Душанбе-Бохтар” моҳи июни соли 2021 оғоз ёфтанд.
Маблағи умумии гранти ҷудошуда аз ҷониби ҳукумати Ҷопон 3,2 млрд йени ҷопонӣ (тақрибан 31 млн доллари амрикоӣ)-ро ташкил медиҳад. Фармоишгари лоиҳа Вазорати нақлиёти ҶТ, машваратчӣ ширкати ҷопонии “CTI Engineering international, Co., Ltd.” ва пудратчии асосӣ ширкати ҷопонии “Dai Nippon Construction” мебошанд.
Гуфта мешавад, 24 апрел дар доираи сафари корӣ ба вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо рафти корҳои сохтмонии лоиҳа шинос шуда, ба сифати корҳои сохтмонӣ ва саҳми мутахассисони ҷопонӣ баҳои баланд дод.
Дар Вазорати нақлиёт бар ин назаранд, ки роҳи лоиҳавӣ дар заминаи татбиқи ҳадафҳои стратегии ҳукумати Тоҷикистон, бахусус раҳоӣ бахшидан аз бунбасти коммуникатсионӣ бунёд гардидааст.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста