Ду сенатори Амрико - Крис Мёрфи, аз ҳизби демократ ва Тодд Янг, аз ҳизби ҷумҳурихоҳ пешниҳод кардаанд, ки “қонуни Ҷексона Вэника” алайҳи Тоҷикистон ва боз ду кишвари минтақа – Ӯзбекистон ва Қазоқистон бекор карда шавад, зеро он кӯҳна шуда, барои рушди тиҷорату савдо монеа эҷод мекунад.
Ба ақидаи ин сенаторон вақти бекор кардани қонуни мазкур фаро расидааст ва ин иқдом метавонад барои тавсеаи савдо миёни ИМА ва кишварҳои минтақаи Осиёи Марказӣ мусоидат кунад. Дар ин бора 7-уми сентябри соли 2023 нашрияи The Diplomat иттилоъ дод.
Бояд гуфт, “қонуни Ҷексона Вэника“ соли 1974 қабул шуда, он нисбати баъзе давлатҳое, ки монеи муҳоҷират, махсусан хуруҷи яҳудиён аз қаламрави худ шудаанд, маҳдудияти тиҷоратӣ ҷорӣ мекунад.
Маҳз ҳамин қонун яке аз садҳои тиҷоратӣ миёни кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико дониста мешавад ва он то ҳол нисбати 4 давлати минтақа амал мекунад. Туркманистон аз он рӯйхат хориҷ шудааст.
Ҳамакнун, бо гузашти қариб 50 сол сенаторҳои амрикоӣ пешниҳод доранд, ки ин қонун алайҳи се кишвари дигари минтақа – Тоҷикистон, Ӯзбекистон ва Қазоқистон низ бекор карда шавад.
Қаблан, моҳи марти соли ҷорӣ, дар пайи сафари Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен ба Қазоқистон ва Ӯзбакистон, зеркумитаи мубориза бо терроризм ва равобити хориҷии Сенат оид ба Ховари Миёна, Осиёи Ҷанубӣ ва Осиёи Марказӣ шаҳодати ёвари Блинкен оид ба корҳои Осиёи Ҷанубӣ ва Марказӣ Доналд Лу ва оид ба захираҳои энергетикӣ Ҷеффри Пайетро шунид.
Крис Мёрфи ба шаҳодати Доналд Лу дар назди Кумитаи корҳои хориҷии палатаи поёнии Конгресс дар моҳи сентябри соли 2022 ишора кардааст. Дар он гуфта мешавад, ки масъалаи Ҷексон-Вэник дар ҳар мулоқот бо ҳамтоёни Блинкен дар Осиёи Марказӣ матраҳ шудааст.
“Ин воқеан эътимоди байни кишварҳои моро коҳиш медиҳад”, - гуфта мешавад дар гузориш.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста