Барои рушди соҳаи сайёҳии Тоҷикистону Ӯзбекистон байни шаҳрҳои Панҷакент ва Самарқад роҳи оҳан сохта мешавад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти ҳукумати шаҳри Панҷакент ба “Азия-Плюс” иттилоъ доданд.
Ба гуфтаи манбаъ, дар ҳукумати шаҳр бо собиқадорони соҳа, мутахассисон ва дигар шахсони масъул машварати корӣ доир шуда, бунёди роҳи оҳан миёни Панҷакент ва Самарқанд баррасӣ шудааст.
“Мақсади бунёди роҳи оҳан рушд додани соҳаи сайёҳӣ мебошад. Хатти ҳаракати роҳи оҳан истгоҳи Панҷакент (Тоҷикистон) - истгоҳи Булунғур - истгоҳи Ҷамбай - истгоҳи Фабрика (Ӯзбекистон) пешбинӣ шудааст”, - гуфт ҳамсӯҳбати мо.
Ӯ афзуд, ки ҳоло барои бунёди роҳи оҳан аз ҳарду ҷониб гурӯҳҳои корӣ ташкил шуда, ҳуҷҷатгузорӣ ҷиҳати омода намудани лоиҳаи роҳи оҳан идома дорад.
Манбаъ гуфт, ки бунёди роҳи оҳани Панҷакент – Самарқанд дар замони Иттиҳоди Шӯравӣ ба нақша гирифта шуда буд, вале бо сабабҳои номаълум он вақт ин роҳи оҳан сохта нашуд.
Дар машварати корие, ки гузашт, собиқадорони соҳа аз мавҷуд будани ҳуҷҷатгузориҳо барои сохтмони роҳи оҳани Панҷакент - Самарқанд, ҷудо гардидани замин барои бунёди пойгоҳи роҳи оҳан дар ҳудуди ноҳияи Ҷомбойи вилояти Самарқади Ӯзбекистон дар давраи собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ ва дигар масъалаҳо ҳарф зада, ба мутахассисону масъулин ҷиҳати тезонидани кор дар ин самт пешниҳоди худро ироа карданд.
Ёдовар мешавем, ки моҳи июни соли 2021 зимни мулоқоти муовинони вазирони нақлиёти Тоҷикистону Ӯзбекистон Шоиста Саидмуродзода ва Абдусамат Мӯъминов лоиҳаи сохтани қитъаи роҳи оҳани Панҷакент - Самарқанд муҳокима шуда буд.
Бояд гуфт, ки масофа аз маркази шаҳри Панҷакенти Тоҷикистон то маркази шаҳри Самарқанди Ӯзбекистон қариб 60 км буда, тавассути нақлиёт метавон онро дар 1 соат тай кард.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста