Бино ба маълумоти оморӣ, дар зарфи 11 моҳи соли 2023 дар вилояти Суғд ба маблағи 1309,4 млн сомонӣ 4363,2 млн кВт/соат неруи барқ истифода шудааст. Дар амал бошад, барои барқи истифодашуда 1565,4 сомонӣ пардохт шудааст, ки 119,6%-ро ташкил медиҳад. Дар ин бора Sugdnews хабар медиҳад.

Дар давраи зикршуда аз ҷониби аҳолӣ ба маблағи 396,2 млн сомонӣ неруи барқ истифода шуда, пардохт дар ҳаҷми 401,5 млн сомонӣ ё худ 101,3% таъмин шудааст.

Дар ҳамин ҳол, давоми 11 моҳи соли гузашта муштариёни шабакаҳои барқи маркази маъмурии вилояти Суғд - шаҳри Хуҷанд ба маблағи 224,4 млн сомонӣ 585,4 млн кВт/соат барқро истифода бурда, дар ҳамин ҳол, 235,1 млн сомонӣ маблағ пардохтаанд (10,7 млн сомонӣ зиёдтар), ки 104,8%-ро ташкил медиҳад.

Аҳолии Хуҷанд ба маблағи 91,8 млн сомонӣ барқ истифода бурда, 101,4 млн сомонӣ маблағ пардохтаанд, ки ба 110,5% баробар аст.

Дар мавод доир ба сабаби чаро ин гуна барзиёд пардохт шудани маблағи истифодаи барқ хабар дода намешавад.

Танҳо зикр мегардад, ки пас аз амалисозии лоиҳаи “Паст намудани талафоти неру” ҷамъоварии маблағи истифодаи барқ дар шаҳри Хуҷанд пурра тариқи низоми биллингӣ ба роҳ монда шуда, “таҳлили натиҷаҳо гувоҳи онанд, ки ҳадафҳои лоиҳа дар шаҳр амалӣ мешаванд”.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.