Президенти Беларус Александр Лукашенко пешниҳод кард, ки самтҳои фаъолсозии ҳамкориҳо бо Тоҷикистон, бахусус дар пасманзари коҳиши ахири гардиши мол, таҳия карда шавад. Дар ин бораи БелТА хабар медиҳад.

Зимни вохӯрӣ бо сафири Тоҷикистон дар Беларус Бахтовар Сафарзода ӯ зикр кард, ки дар ояндаи наздик дар вохӯрӣ бо президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи муайян кардани самтҳои густариши равобит сӯҳбат хоҳад кард.

“Ва шумо ҳамчун сафир хеле фаъол ва дипломати ояндадор ҳастед ва фикр мекунам, ки дар рушди муносибатҳои мо саҳми худро хоҳед гузошт», - гуфтааст Александр Лукашенко.

Президенти Беларус изҳор доштааст, ки иқтисод ва ҳамкории тиҷоративу иқтисодӣ барои ҳама гуна муносибатҳои байнидавлатӣ замина мебошанд.

Ӯ дар бораи коҳиши ҳаҷми гардиши мол байни давлатҳо дар ду соли ахир изҳори назар карда, таъкид доштааст, ки бо назардошти имконоти мавҷуда, сатҳи гардиши молу маҳсулот дар ҳаҷми 70, 80 ва ҳатто 100 млн доллар барои Тоҷикистону Беларус қариб ҳеҷ аст.

"Мо бояд имкони афзоиши гардиши молро ҷустуҷӯ кунем, - иброз доштааст ӯ. -  Боварӣ дорам, ки Тоҷикистон пешниҳодҳои моро қабул мекунад. Имкониятҳои моро хуб медонед.  Молҳое, ки Тоҷикистон ба онҳо ниёз дорад, дар мо ҳаст. Дар соҳаи саноат, кишоварзӣ ва таъмини таҷҳизоти автомобилӣ, бахусус мошинҳои боркаши бузургҳаҷм. Дар шумо саноати кӯҳкорӣ дар ҳоли рушд аст. Дар ин ҷо мо метавонем шуморо ба таври назаррас дастгирӣ кунем”.

Президенти Беларус таъкид доштааст, ки кишвараш аз ҷумла ба идомаи ҳамкорӣ дар соҳаи комплекси ҳарбӣ-саноатӣ низ омода аст, ҳарчанд дар ин смат аллакай бисёр иқдомҳо амалӣ шудаанд.

Дар навбати худ сафири Тоҷикистон Бахтовар Сафарзода барои вохӯрӣ ба президенти Беларус изҳори миннатдорӣ карда, зикр кардааст, ки соли 2023 ҳаҷми гардиши мол каме коҳиш ёфта бошад ҳам, вале “ҳамаи нақша ва чорабиниҳо гувоҳи онанд, ки дар соли 2024 мо метавонем ба рақамҳои соли 2023 расида, аз онҳо пеш гузарем”.

“Аз ҷумла, маҷмааи бисёрсоҳавии савдо, ки мо мехоҳем дар Минск таъсис бидиҳем, ба сифати маркази ҳамоҳангсоз барои намояндагони ҳарду кишвар хидмат хоҳад кард”, - иброз доштааст ӯ.

Аз рӯи натиҷаҳои соли 2022 ҳаҷми гардиши мол байни Тоҷикистону Беларус зиёда аз 78 млн доллар ва давоми моҳҳои январ-ноябри соли 2023 - 67,4 млн долларро ташкил додааст.

Қобили зикр аст, ки дар Беларус 9 корхона бо сармояи Тоҷикистон, аз ҷумла 2 корхонаи муштарак ва 7 хориҷӣ ба қайд гирифта шудааст. Дар Тоҷикистон зиёда аз 20 субъекти шабакаи истеҳсолкунандагони корхонаҳои Беларус ва 1 корхонаи муштарак амал мекунад.

Дар ҶСП "Агротехсервис" (шаҳри Ҳисор) васлу насби таҷҳизот ва техникаи гуногун, аз ҷумла маҳсулоти корхонаи истеҳсоли трактори Минск (МТЗ) ва “Гомселмаш” (мошинҳои кишоварзии Гомел) ва дар Хуҷанд - истеҳсоли лифтҳои ҶСК "Могилевлифтмаш” анҷом дода мешавад.

Моҳи октябри соли 2022 зимни сафари президенти Беларус ба Тоҷикистон харитаи роҳи ҳамкории дуҷониба барои давраи солҳои 2022-2026 ба имзо расид. Санад аз 39 банд иборат аст. Аз онҳо 6-тоаш иҷро шуда, 33-тоаш дар марҳилаи амалишавӣ қарор доранд, аз ҷумла 21-тоаш мунтазам иҷро мешаванд.

Дар TelegramFacebookInstagramOK ва ВК бо мо бимонед.