Рӯзи 12-уми марти соли равон Сафорати Қазоқистон дар Тоҷикистон ба Агентии захираҳои моддии давлатии назди ҳукумати Тоҷикистон ҳамчун кӯмаки башардӯстона аз ҷониби ҳукумати Қазоқистон 15 ҳазор тонна мазут тақдим кард, хабар медиҳад, ин сафорат.
Валихон Туреханов, сафири Қазоқистон дар маросими интиқоли маводи сӯхт таъкид кардааст, ки ин кумак бо дастури раисиҷумҳури Қазоқистон Қосим-Ҷомарт Тоқаев сурат гирифтааст.
«Таъмини кӯмаки башардӯстона бо мусоидати Оҷонсии Қазоқистон оид ба рушди байналмиллалии «KazAID» сурат гирифта, саҳм дар таъмини амнияти энергетикӣ ва зуҳури муносибатҳои стратегии хоси ҳамкориҳои чандинасраи Қазоқистону Тоҷикистон мебошад»,-гуфтааст, ин дипломати қазоқ.
Вай таъкид кард, ки арзиши сӯзишвории интиқолшуда, ки барои “фаъолияти устувори иншооти муҳими энергетикии Тоҷикистон” пешбинӣ шудааст, ҳудуди 5,65 миллион долларро ташкил медиҳад.
Ҳаҷми умумии кумакҳои башардӯстона аз Қазоқистон ба Тоҷикистон дар соли 2023 ҳудуди 2 миллион долларро ташкил додааст.
Ба иттилои Вазорати энергетика ва захираҳои об Тоҷикистон, дар соли гузашта ҳудуди 23 ҳазор тонна мазут ворид кардааст.
Мутаносибан, мазуте, ки як рӯз пеш ба даст омадааст, беш аз 65,2 дарсади воридоти соли гузаштаи ин сӯзишворро ташкил медиҳад.
Дар худи Точикистон соли гузашта аз ҳисоби коркарди ашёи хоми маҳаллӣ ҳамагӣ қариб 3,9 ҳазор тонна мазут истеҳсол карда шудааст.
Мазутро дар Тоҷикистон умдатан дар Маркази барқу гармидиҳии Душанбе 1 барои тавлиди гармӣ ва нерӯи барқ дар фасли тирамоҳу зимистон истифода мекунад.
Қобили зикр аст, ки дар шароити норасоии шадид бештари пойтахт бо нерӯи барқ тавассути марказҳои гармидиҳӣ таъмин карда мешавад.
Ҳоло сокинони манотиқи кишвар дар як шабонарӯз ҳамагӣ чанд соат нерӯи барқ мегиранд. Аз охири моҳи феврал инҷониб дар пойтахт низ мунтазам барқ хомӯш карда мешавад.





Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста