Дар шаҳри Алматои Қазоқистон аввалин ҳамоиши кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Амрико, ки ҷиҳати таҳкими равобити иқтисодӣ ташкил гардида, бо номи Business 5+1 ё Форуми B5+1 муаррифӣ шуд, ҳайати Тоҷикистон низ иштирок намуд.
Дар ин бора аз Кумитаи рушди сайёҳӣ иттилоъ дода, таъкид карданд, ки Форуми мазкур ду рӯз идома кард.
Ба навиштаи ин ниҳод, Тоҷикистонро дар ин Форум Аҳлиддин Нуриддинзода, муовини вазири рушди иқтисод ва савдо, Баҳриддин Сироҷиддинзода, директории Агентии содирот, Зиёдулло Салимзода, муовини раиси Кумитаи рушди сайёҳӣ ва дигар шахсони расмиву намояндагони бахши хусусӣ намояндагӣ карданд.
Дар ин Форум, ки бори аввал баргузор гардид, роҳу усулҳои минбаъдаи таҳкими равобити иқтисодии кишварҳои минтақа, ИМА ва бахши хусусӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.
Бояд гуфт, ки Форуми мазкур дар асоси эъломияи Ню-Йорк, ки дар Саммити президентҳои С5+1 дар моҳи сентябри соли 2023 оид ба таҳкими равобити иқтисодӣ мийни Иёлоти Муттаҳида Амрико ва Осиёи Марказӣ тавассути эҷоди як платформаи иловагии таҳти роҳбарии бахши хусусӣ қабул шуда буд, баргузор гардид.
Форуми мазкур раванди муколамаро байни бахшҳои давлатӣ ва хусусӣ дар формати Business 5+1 роҳандозӣ намуда, ҳадафи он иҷрои ду ӯҳдадориҳои калидии Эъломия мебошад: суръат бахшидан ба ҳамкориҳо ва пайвастагии минтақавӣ ва беҳтар намудани фазои соҳибкорӣ барои тавсеаи сармоягузории тиҷорат ва бахши хусусии ИМА.
Ҳамзамон, ин платформа ба давлатҳои аъзо, соҳибкорон ва ҷомеаи коршиносон имкон медиҳад, ки барои эҷоди Осиёи Марказии аз ҷиҳати иқтисодӣ фаъол ва фарогир, ки ба бозорҳои ҷаҳонӣ пайваст аст, тадбирҳои амалӣ андешанд.
Форуми B5+1 барои ҷомеаи тиҷоратии миллӣ ва байналмилалӣ ҷиҳати рушди ояндаи ҳамгирошуда ва иқтисоди фарогири Осиёи Марказӣ мусоид буда, ба ҳукуматҳо имкон медиҳад, ки аз машваратҳои бахши хусусӣ барои ноил шудан ба ҳадафҳои иқтисодии С5+1 истифода кунанд.
“Аудиокитоб” бо Субҳон Ҷалилов. Дардҳои гиреҳхӯрда. Ҳикояи “Ҳаваси субҳи содиқ” қисми 1
“Настоящее время”: Беш аз 500 шаҳрванди Тоҷикистон дар марзи Русияву Қазоқистон банд мондаанд
БОР: Интиқоли маблағ касри савдои хориҷии зиёдшудаи Тоҷикистонро ҷуброн кард
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 10 апрели соли 2025
“Сарбозшикор”. Чӣ бояд кард, агар “облава” шудед?
Роҳе, ки се моҳ пеш аз “киса”-и муҳоҷирону сокинон сохта шуд, қисман хароб гардидааст
Боздошти як мард бо гумони латукӯби ҳамсари додараш, ки ба марг оварда расонид
БОР дар ду соли наздик рушди устувори иқтисоди Тоҷикистонро пешгӯӣ мекунад
Чаро нархи истифодаи барқ дар Тоҷикистон доимо боло меравад?
Дар “Dushanbe Grand Slam-2025” 36 ҷудокори тоҷик ширкат мекунанд. Онҳо киҳоянд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста