Дар палатаи поёнии парлумони Тоҷикистон Созишномаи иловагӣ байни ҳукумати кишвар, ширкати CNPC Central Asia В. V. ва ширкати Total Е&Р Tajikistan В. V. тасдиқ шуд.
Қарордоди нав иловаи панҷум ба Созишнома дар бораи тақсими маҳсулот аст, ки 13 июни соли 2008 байни ҳукумат ва ширкати Kulob Petroleum Limited имзо шуда буд. Таҳти ин ном дар ҷумҳурӣ ширкате амал мекард, ки сохтори фаръии ширкати нафту гази Tethys Petroleum Limited-и Канада маҳсуб меёфт.
Ин ҷо сари қарордоди Бохтар оид ба тақсими маҳсулоти конҳо ва майдонҳои ояндадор дар ҷануби Тоҷикистон сухан меравад.
Дар созишномаи иловагие, ки ҳафтаи гузашта аз ҷониби палатаи поёнии парлумон қабул шуд, гузашт шудани саҳми ширкати нафту гази Total ба фоидаи корпоратсияи CNPC-и Чин пешбинӣ шудааст.
“Ҳукумат ба чунин супоридан ва таъинот мувофиқи шартҳои Созишномаи иловагии мазкур розӣ аст”, - омадааст дар матни санад.
Гуфта мешавад, Созишнома дар бораи тақсими маҳсулот, ки соли 2008 бо ширкати Kulob Petroleum Limited “баста шуд, минбаъд бояд ҳамчун Созишнома дар бораи тақсими маҳсулот, ки байни ҳукумати Тоҷикистон ва CNPC ба имзо расидааст, хонда ва фаҳмида шавад”.
"Муҳлати амали Созишномаи мазкур 25 июни соли 2008 оғоз гардида, амалиёти истисноии нафтии паймонкор дар қаламрави мансуб ба қарордод метавонанд оғоз шавад ва дар маҷмӯъ давоми 47 соли минбаъда тибқи қарордод идома дода шаванд”, - таъкид мешавад дар созишномаи иловагӣ.
Таърихи мухтасари масъала
Тавре ки зикр шуд, қарордоди аввалини ҳукумати Тоҷикистон бо ширкати Tethys Petroleum-и Канада 13 июни соли 2008 ба имзо расида буд.
Охири соли 2011 Tethys изҳор дошт, ки дар кони “Биштинчак” «захираҳои хеле бузург»-и нафту газ дарёфт шуданд.
Коршиносони ширкат ин захираҳоро бидуни омили хавф 27,5 млрд. баррел нафт арзёбӣ карданд, ки 69%-аш ба газ ва 31%-аш ба нафт ва конденсати газӣ рост меояд.
Ҳамчунин баъди ин изҳорот ба захираҳои нафту газ дар Тоҷикистон ширкатҳои маъруфи ҷаҳон ба монанди CNPC (Чин) ва Total (Фаронса) таваҷҷуҳ зоҳир намуданд.
Пас аз ин раҳбарияти ҷумҳурӣ изҳор дошт, ки солҳои наздик Тоҷикистон метавонад худро бо гази табиӣ таъмин кунад.
Моҳи июли соли 2013 Tethys, Total ва CNPC дар бораи пешниҳоди ҳиссаи иштирок Шартнома ба имзо расонида, мутобиқи он ҳар кадоме аз тарафҳо ба сеяки ҳиссаи иштирок (33,335%) дар Созишномаи Бохтар оид ба тақсими маҳсулот соҳиб шуд.
Тибқи қарордод, ҳукумати Тоҷикистон шарики коркард ва истеҳсолот нест ва дар ин кор маблағгузорӣ намекунад.
Аммо дар сурати кашфи конҳои нафту газ ва истихроҷ он метавонад 30%-и маҳсулотро дар шакли тиҷоратӣ (маҳсулот) ё умумӣ бигирад.
Моҳи сентябри соли 2015 Total ва СNPS аз Tethys Petroleum Limited-и Канада талаб карданд, ки ширкати канадагӣ аз Созишномаи Бохтар оид ба фаъолияти муштарак хориҷ шавад. Сабаби ин талабро шарикон аз ҷониби Tethys Petroleum иҷро накардани уҳдадориҳо ва қарз аз рӯи лоиҳа унвон карданд.
Кор то баҳси додгоҳӣ расида, соли 207 Суди байнулмилалии ҳакамӣ даъвоҳои Total ва CNPC-ро асоснок эътироф намуд.
Tethys дар хабари охири худ аввали соли 2018 изҳор дошта буд, ки бинобар сабаби хавфи зиёд ва хароҷоти назаррас барои идомаи кор, тасмим гирифтааст, ки аз лоиҳа хориҷ шавад.
Ба ин тариқ, пас аз хориҷ шудани Total аз созишнома ягона иштирокчии он CNPC боқӣ мемонад.
Захираҳои бесамар
Мувофиқи маълумоти Хадамоти геологии Тоҷикистон, дар ҷумҳурӣ камбуди шадиди захираҳои кашфшудаи нафту газ эҳсос мешавад, ҳарчанд кишвар захираҳои бузурги пешгӯишуда дорад: 120 млн тонна нафт ва 880 млрд метри мукааб газ.
“Аз ин рӯ, иқтисоди кишвар айни замон қариб пурра аз воридоти маҳсулоти соҳаи коркарди нафту газ вобаста аст”, - таъкид мекунанд дар Хадамот.
Қобили зикр аст, ки ширкати “Газпром”-и Русия низ аввал дар ҷануб ва сипас дар ғарби ҷумҳурӣ ба корҳои бузурги геологиву иктишофӣ машғул буд.
Дар натиҷаи роҳандозии корҳои пармакунӣ дар майдони Сариқамиши ноҳияи Шаҳринав геологҳои “Газпром” ба чунин хулосае расиданд, ки “пешгӯии олимон дар бораи дурнамои нафту гази конҳои амиқи зеризаминӣ тасдиқ шудааст”.
Захираи гази бо эҳтимолияти 50% арзёбишуда 17,5 млрд метри мукааб, нафт - 1,574 млн тонна ва маҳлули газ дар нафт - 72 млн метри мукааб баҳогузорӣ шуданд.
Бо вуҷуди ин, ширкат тасмим гирифт, ки бо сабаби “самаранокии иқтисодии паст”-и ин захираҳо “дар шароити мавҷудаи макроиқтисодӣ”, иҷозатномаи истифодаи захираҳои зеризаминиро супорад.
Бино ба маълумоти Сарраёсати геология, айни замон барои баргузории корҳои геологӣ оид ба ҷустуҷӯи сӯзишворӣ (нафту газ) дар Тоҷикистон танҳо ду ширкат - CNPC, инчунин ширкати маҳаллии “Сомон-Ойл” дар шимоли кишвар иҷозатнома доранд.
Дар Тоҷикистон 24 кони нафт ва 14 кони газ ба қайд гирифта шудааст.
Тибқи маълумоти оморӣ, соли 2023 истихроҷи нафти хом ва гази табиӣ ҳамагӣ 0,6% дар саноати истихроҷи кишварро ташкил додааст. Соли гузашта каме бештар аз 18 ҳазор тонна нафт истихроҷ шудааст, ки 27,4% камтар нисбат ба нишондиҳандаи соли 2022 мебошад.
Дар бораи ҳаҷми истихроҷи гази табиӣ маълумот дастрас нест.
Собиқ директори генералии “Тоҷикнефт” (солҳои 1981-1988) Набӣ Маликов қаблан изҳор дошта буд, ки солҳои 80-уми асри гузашта дар Тоҷикистон конҳои наве кашф шуданд, ки шуморашон бо Ӯзбекистон баробар буд.
Давоми солҳои 1981-1985 “Тоҷикнефт” 3 кони нав ва 4 майдони нафту газ ва “Ӯзбекнефт” - 4 кон ва 3 майдон кушода буданд.
Пас аз пошхӯрии Иттиҳоди Шӯравӣ (СССР) давоми 25 соли соҳибистқлолӣ Ӯзбекистон зиёда аз 150 кони нав боз намуда, дар Тоҷикистон ягонто кон кушода нашуд.