Дар семоҳаи аввали соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи зиёда аз 421 млн доллар фулузот (металл) ва сангҳои қиматбаҳо содир намуд, ки 1250,7 баробар зиёдтар нисбат ба ҳамин давраи соли 2023 мебошад.
Ҳиссаи ин навъи маҳсулот дар ҳаҷми умумиимаҳсулоти содиротии кишвар 48,5%-ро ташкил додааст.
Дар зарфи 3 моҳи соли ҷорӣ Тоҷикистон ба хориҷи кишвар ба маблағи ҳудуди 614 млн доллар молу маҳсулот содир кардааст.
Кишвари асосии фурӯши молу маҳсулоти Тоҷикистон дар ин давра Швейтсария дониста мешавад, ки ба он ҳудуди 48,6%-и содирот рост меояд. Ба гумони ғолиб, ин ба содироти фулузот ва сангҳои қиматбаҳо ба ин кишвар вобастагӣ дорад.
Манбаъҳо дар сохторҳои марбутаи Тоҷикистон зикр мекунанд, ки содироти фулузоти қиматбаҳо, асосан тиллои монетарӣ, вақте зиёд мегардад, ки интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон ба таври назаррас кам мешавад.
Маълумот дар бораи ҳаҷми интиқоли пул аз ҷониби муҳоҷирон корӣ ба намояндагони васоити ахбори умум дастрас нест.
Тиллои монетарӣ - тилло дар шакли танга, сабика ё пластин мебошад, ки аз омехтаҳо поккорӣ шуда, аз 995 то 1000 дараҷа тозагӣ доранд. Металли сабикашуда бояд ба талаботи меъёри ҷаҳонии «Good Delivery» ҷавобгӯ бошад. Маъмулан дар ихтиёри бонкҳои марказӣ ё/ва вазоратҳои молияи кишварҳои ҷаҳон қарор дорад.
Робита байни фурӯши тилло ва интиқоли маблағ камбуди асъор барои воридоти молу маҳсулот маънидод мешавад.
Гап сари он аст, ки аз ҳисоби даромад аз содирот танҳо ҳудуди сеяки асъори зарурӣ барои воридоти молу маҳсулот рӯйпӯш карда мешавад.
Ҳаҷми умумии воридот дар семоҳаи аввали соли равон ҳудуди 1,5 млрд долларро ташкил додааст, ки қариб 2,5 баробар зиёдтар аз ҳаҷми содироти кишвар мебошад.
Баъди 13 рӯзи озодӣ аз маҳбас. Боздошти як ҷавон бо гумони дуздии телефону дучарха
Маошу нафақа ва идрорпулӣ дар соли 2025 аз кадом ҳисоб зиёд мешаванд?
Вазири дифои Тоҷикистон дар Эрон. Бо киҳо вохӯрд ва кадом масъалаҳо баррасӣ шуданд?
Дар Тоҷикистон расман бекорон қариб нестанд, вале...
Бо нозири минтақаи худ шинос шавед! Пулиси Душанбе “телеграм-бот”-и “Нозири минтақавии ман”-ро фаъол кард
Тоҷикистону Қирғизистон мехоҳанд хатсайри нави ҳавоӣ боз кунанд
Ҷароҳати 11 кас, кӯчонидани зарардидаҳо ва ҳаҷми кумакҳо ба сокинон. Ҷузъиёти рафъи паёмади заминларза дар Рашт
“Саргузашт”-и Пушкин ва мӯшикофии як ҷиноят. Дар рӯзи дуюми “Парасту-2025” дар оинаи театр чӣ ҷило ёфт?
Муҳити кӯҳӣ дар шаҳр. Рақобати дучархаронони 20 давлат дар Душанбе
Маскав интизор дорад, ки дар гузашти 9-уми май сарони 20 давлату ҳукумат ширкат кунанд
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста