Нимаи дуюми рӯзи 29 апрел президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Қасри миллат президенти Бонки аврупоии таҷдиду рушд (БАТР) хонум Одил Рено-Бассоро ба ҳузур пазируфт. Дар ин бора хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар медиҳад.
Дар доираи сафари Одил Рено-Бассо имзои якчанд лоиҳаҳо дар назар аст, ки ба қарздиҳии "сабз” дар чаҳорчӯби Нақшаи амали “Шаҳри сабзи Душанбе” ва дастгирии соҳибкорӣ ва тиҷорати занон равона мешавад.
Чанде пеш пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон Одио Рено-Бассо зикр кард, ки ҷонибҳо афзалиятҳои стратегии кишвар ва мусоидати БАТР дар ҳалли масоили марбут ба тағйирёбии иқлим, дастгирии рушди соҳибкорӣ ва бахши хусусӣ, рақамикунонӣ, ҳамгироии минтақавии иқтисоди миллӣ ва таҳкими имконияти содироти “иқтисоди сабз”-ро баррасӣ кардаанд.
“Соли гузашта Бонки аврупоии таҷдиду рушд 30-солагии фаъолияти худро дар Тоҷикистон ҷашн гирифт. Ман хеле қаноатмандам, ки дар Тоҷикистон ҳузур дорам ва шоҳиди натиҷаҳои фаъолиятамон мебошам”, - гуфт Одил Рено-Бассо.
Президенти БАТР таъкид дошт, ки Бонк яке аз сармоягузорони бузурги Тоҷикистон ба шумор рафта, бахшҳои энергетика, таъминот бо об, нақлиёт, соҳаи бонкдорӣ ва соҳибкории хурду миёнаро дастгирӣ мекунад.
Эмомалӣ Раҳмон дар навбати худ ба раҳбаияти бонк ҷишати робитаҳои доимӣ ва пурсамар дар давоми 30 сол изҳори минттадорӣ кард.
“Мо сатҳи имрӯзаи ҳамкориямонро бо Бонк баланд арзёбӣ менамоем ва ҷиҳати ноил гардидан ба ҳадафҳои олии рушди кишвар аз он умедвориҳои калон дорем”, - гуфт ӯ.
Дар вохӯрӣ раванди татбиқи лоиҳаҳои аз ҷониби Бонк маблағгузоришаванда дар соҳаҳои гуногуни иқтисодӣ ва иҷтимоии кишвар, хусусан дар таҳкими низоми молиявӣ, рушди бахши хусусӣ, соҳаҳои нақлиёт, энергетика, обтаъминкунии аҳолӣ ва беҳсозии сифати хизматрасониҳои коммуналӣ баррасӣ шуд.

Дар робита ба таъсири манфии омилҳои беруна ба баъзе нишондиҳандаҳои макроиқтисодии Тоҷикистон ва дастгирии тобоварии иқтисодиёт ба таҳдиду хатарҳои имрӯза, пеш аз ҳама, ҷалби бештари сармоя ва идомаи раванди ислоҳот зарур шумурда шуд.
Таъкид гардид, ки ҷудо намудани маблағҳои грантию имтиёзнок аз ҷониби шарикони рушд барои дастгирии раванди ислоҳот, буҷети давлатӣ ва татбиқи лоиҳаҳои афзалиятнок дар маҷмӯъ ба устувории рушди иҷтимоиву иқтисодӣ боис мегардад.
Мусоидат ба пешрафти бахшҳои саноат, кишоварзӣ, истихроҷи маъданҳо, рушди инфрасохтори шаҳрӣ, алалхусус низоми таъминоти оби ошомиданӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, рақамикунонии соҳаҳои мухталифи иқтисод, ҷорӣ намудани технологияҳои “сабз”, инчунин маориф ва муҳоҷирати корӣ, аз самтҳои дигари ҳамкорӣ номида шуд.
Қобили зикр аст, ки Одил Рено-Бассо бо сафари дурӯзаи корӣ ба Тоҷикистон омад. То имрӯз БАТР ба 168 лоиҳа дар Тоҷикистон 947 млн евро сармоягузорӣ кардааст.
Таркиш дар як бандари Эрон. Расонаҳо аз 4 кушта ва беш аз 500 захмӣ хабар медиҳанд
Русия бори аввал эътироф кард, ки дар Курск низомиёни Куриёи Шимолӣ меҷанганд
Медали нуқраи Сомон Маҳмадбеков ва биринҷии Абубакр Шеров. Натиҷаи рӯзи дуюми мусобиқоти қаҳрамонии ҷудои Осиё
Қаҳрамонии як тоҷик дар Маскав. Ӯ сӯхтори мошинро хомӯш кардааст
Дар Душанбе ва Хатлон сохтмонҳои "худсарона сохта"-ро тахриб мекунанд. Қонунгузорӣ дар ин бора чӣ мегӯяд?
Қоҳир Расулзода дар Маскав бо Михаил Мишустин ҳамкории тиҷоратии Тоҷикистону Русияро баррасӣ кард
Филми “Сарчашма” аз Тоҷикистон дар Қирғизистон соҳиби ҷоизаи “Таваҷҷуҳи тамошобин” шуд
Аз 1 май меъёри аксиз барои бензину газ боло меравад. Ин ба нархи маҳсулот ва хидматрасониҳо чӣ таъсир мерасонад?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 26 апрели соли 2025
Чаро дарахтони гаронарзиши магнолия дар Хуҷанд “хушкшуда” метобанд?
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста